Ба иштирокчиёни даври омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон Сертификат тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани сертификатҳо ба иштирокчиёни даврҳои омӯзишӣ оид ба соҳаи хизматрасонӣ ва тарабхонадорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст, баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Anatolia Health Tourism Company ва Ассотсиатсияи тарабхонадорони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки баргузор намудани чунин даврҳои кӯтоҳмуддат дар рушди соҳаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ва баланд бардоштани касбияту малакаи кории кормандони субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ саҳми муносиб гузошта, ба ҷалби сайёҳон ба мамлакат мусоидат менамояд.
Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, Ассотсиатсияи тарабхонадорони Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои мусоидат дар баргузории даврҳои бозомӯзӣ барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар субъектҳои соҳаи сайёҳӣ изҳори сипос намуд.
Ёдовар мешавем, ки ин давр аз 13 то 18 ноябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор шуда, довталабон баъд аз анҷоми он соҳиби сертификат шуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст






