Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон маҳфили адабӣ доир шуд

Ноябрь 3, 2023 14:33

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и шуъбаи кор бо ҷавонони муассиса бо иштироки ихлосмандони каломи бадеъ маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳо хабар медиҳад.

Дар маҳфил ректори донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар бораи рӯзгори ибратбахш ва осори Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ибрози назар намуд. Ректор нақши нависандаро дар рушду муаррифии адабиёти муосири тоҷик мондагор номид.

Абдулҳамид Самадов бо шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлол иштирокчиёни маҳфилро бо Рӯзи Конститутсия табрик намуд. Сипас адиб аз рӯзҳои аввали ба ҷодаи адабиёт қадам ниҳодан ва рӯзгори нависандагӣ сухан гуфт.

Аз ҷониби аъзои дастаи ҳунарии «Субҳи ҷавонӣ»- и Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Ноябрь 3, 2023 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид