Бо мақсади беҳтар намудани сифати маҳсулоти сохтмонӣ дар Душанбе машварати омӯзишӣ баргузор шуд

Ноябрь 12, 2023 16:03

ДУШАНБЕ, 12.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки доираи васеи соҳибкорони ватанӣ, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ба монанди сангу шағал ва сангрезаву рег машғул мебошанд, машварати омӯзишӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии Тоҷикстандарт.

Мақсад аз он беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолкунандагони ин соҳа ва ба талаботи стандартҳои замони муосир ҷавобгӯ гардонидани маҳсулоти ватании сохтмонӣ мебошад.

Татбиқи амалии талаботи муайяншуда омили баланд гаштани сифати маҳсулот мебошад. Давоми солҳои охир назорати ҷиддии раванди истеҳсол ва таъмин шудани корхонаҳои истеҳсолӣ бо техникаи муосир имкон додааст, ки сифат боз ҳам беҳтар гардад. Истеҳсолкунандагон вазифадор гардидаанд, ки ба меъёрҳои муҳим таваҷҷуҳ намуда, барои сохтмони иншооти хизматрасонии гуногун ва зист масъулияти баланд эҳсос намоянд.

Дар ҷараёни семинар байни мутахассисони Агентӣ ва истеҳсолкунандагон якчанд масъалаҳо матраҳ гардида, мубодилаи афкор доир шуд. Дар анҷом барои баланд бардоштани сифати маҳсулоти сохтмонӣ, ки дар рӯзгори ҳамарӯза самаранок истифода мешаванд, мулоҳиза ва пешниҳодҳо баён гардиданд.

АКС: Агентии Тоҷикстандарт

Ноябрь 12, 2023 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад