«БО ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Таҳти чунин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир шуд

Ноябрь 15, 2023 17:11

ДУШАНБЕ, 15.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Суруш»-и пойтахт бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо Пешвои миллатем!» барномаи фарҳангии идона баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториëн вобаста ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон сухан гуфт.

Матлубахон Сатториëн изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон буд, ки пас аз шаш моҳи соҳибистиқлолӣ 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расида, 17 марти соли 1994 нахустин мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон доир гардид.

Тазаккур дода шуд, ки ҷавонони ҷумҳурӣ бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва Пешвои худ, инчунин забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянду барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Инчунин ҷавобан ба  ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷавонони тоҷик бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан ва рушди илму техника равона созанд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст.

Дар барномаи фарҳангӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, олимону муҳаққиқон, шоиру нависандагон, варзишгарон, ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 15, 2023 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷилди нави китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» рӯнамоӣ гардид
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад
Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд
Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Малайзия баррасӣ шуд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид