Дар ҶДММ «Шаҳри зебои мо» 14 намуд маҳсулоти макаронии «Лазоли» истеҳсол мешавад
ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ «Шаҳри зебои мо» фаъол гардид, ки дар он дар як баст 14 намуд маҳсулоти макаронӣ бо номи “Лазоли” истеҳсол шуда, 35 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки 31 октябр аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд.
Яке аз онҳо корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ «Шаҳри зебои мо» мебошад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 3 ҳазор тонна мебошад.
Ин навъи маҳсулоти ғизоӣ ивазкунандаи воридот буда, талаботи аҳолӣ ба он зиёд аст. Дастгоҳу таҷҳизоти корхонаи навбунёд аз Италия харида ва насб гардидааст.
Корхонаи истеҳсоли макарон бо мақсади таъмин намудани бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ таъсис дода шуд.
Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо” тасмим гирифтаанд, ки бо истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, бахусус навъҳои гуногуни макарон аҳолиро бо маҳсулоти хушсифати ордӣ таъмин намуда, дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссаи арзанда гузоранд.
Бунёду ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ барои таъсиси ҷойҳои нави кор, таъмини аҳолӣ бо шуғли доимӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, тараққиёти иқтисодиёти мамлакат ва рушди соҳаи саноат заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






