Дар Душанбе ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об доир гардид

Ноябрь 28, 2023 09:36

ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об ва гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ислоҳоти соҳаи об, аз ҷумла лоиҳаи такмилёфтаи Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, сохтори дастурии механизми ҳамоҳангсозии соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Консепсия оид ба воридсозии чорабиниҳои нақшаҳои ҳавзавии идоракунии захираҳои об ба барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 28, 2023 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд