Дар Душанбе вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе дар доираи баргузории Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон дар шакли «Соҳибкор бо Соҳибкор» (B2B) баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Вохӯрӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он беш аз 150 ширкат аз ҳарду ҷониб ҳузур доштанд.
Роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои фарматсевтика, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасонии молиявӣ ва сайёҳӣ, инчунин технологияҳои иттилоотӣ дар панелҳои алоҳида иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ байни субъектони бахши хусусии ду давлат якчанд санади нави ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои расида, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 175,2 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 млн доллар ё 11,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон вазни хоси савдои мутақобила бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,4 фоизро ташкил дода, дар ҷои 7 қарор гирифт. Дар ин давра ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба маблағи 63 млн доллар молу маҳсулот содирот гардида, воридот ба 112,2 млн доллар баробар гардид.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад






