Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 3, 2023 17:01

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Раиси Маҷлиси намояндагон иброз намуд, ки мардуми шарифи мамлакат ҳар сол ин санаи таърихиро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфт.

6 ноябри соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъмори барҳақи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, бо ҷонибдории аксарияти овозҳои шаҳрвандони мамлакат пазируфта шуд.

Маҳз бо талошҳои пайваста ва иродаи сиёсии қавии Пешвои миллат меҳваре, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти нави давлатдории муосири тоҷиконро ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ поя гузошт, дар моддаи якуми Конститутсия барои ҳамеша сабт гашт.

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ сохт ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.

Ҳамчунин Конститутсия аз як ҷиҳат ба рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, мо бояд ба Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва барномаи асосии фаъолияти давлат ва зиндагии ҷомеа муносибат намоем. Умедворам, ки натиҷаи ҷамъомади имрӯза ба тамоми аҳли нишаст, бахусус ҷавонон дар масири бештар омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз замина мегузорад,-иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Иброз гардид, ки риояи Конститутсия, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ  таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шарти муҳими пешрафти давлат мебошад.

Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат вазифаи ҳар яки мо мебошад. Ба ин хотир ҳамеша бояд кӯшиш намоем, ки амалияи қонунҳои қабулнамудаи мо ба баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон мусоидаткунанда бошанд ва ба ин васила дар амалисозии муқаррароти Қонуни асосии давлат саҳм гузорем.

Дар ҳамоиш ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Ҳуснигул Одиназода, Комрон Исмоилиён, Абдуҳалим Ғаффоров ва мушовири калони кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон Алишер Азизӣ сухан гуфтанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2023 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд