Дар Осорхонаи шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ташкил мегардад
ДУШАНБЕ, 10.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 10:00 дар «Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб» ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) ва эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо намоиши ҷашнӣ оғоз мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Намоиши мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, мақсад аз баргузории он шиносонидани сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб бо ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва нақши намоёни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоли муҳими сайёра мебошад.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ин мавзуъ чандин намоишҳои пурмуҳтаворо ташкил намудааст, ки писанди тамошобинон гардидааст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон









«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид






