Дар Рашт намояндагии Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Рашт маросими ифтитоҳи намояндагии Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»- и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар минтақаи Рашт баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.
Дар маросими мазкур роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарияти ноҳияи Рашт, намояндагони Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»-и назди Кумита, шарикони рушд, ассотсиатсияҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ислоҳоти муҳим гузаронида шуд.
Дар ин раванд рушди дастурии соҳа ташаккул ёфта, бо мақсади дастгирии методӣ ва машваратии соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон намояндагии Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт таъсис дода шуд.
Бинои намояндагӣ дар масоҳати 113 м2 ҷойгир буда, аз толори баргузории чорабиниҳо бо 35 ҷойи нишаст, маъмурият, 3 утоқи алоҳида барои резидентон, гӯшаи баргузории гуфтушунидҳо ва ҷойи баргузории кофе-брейкҳо иборат аст. Фаъолияти ин намояндагӣ на танҳо ба ноҳияи Рашт, балки ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Лахш, Сангвор ва Роғун низ равона гардидааст.
Дар анҷом маросими ҷамъбасти озмуни минтақавии «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ» дар самтҳои сайёҳӣ, хоҷагидорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






