Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши ҷавонон ва Фестивали сурудҳои ватандӯстона баргузор шуд

Ноябрь 12, 2023 11:59

ДУШАНБЕ, 12.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши ҷавонон ва Фестивали сурудҳои ватандӯстона баргузор гардид. Дар он масъулини  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри  Кӯлоб ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иштирок намуда, ҳозиринро бо ҷашнҳои муҳими дарпешистода табрик намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Пеш аз оғози ҳамоиш вобаста ба нақши Пешвои миллат  дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон сухан гуфта шуд.

Иброз гардид, ки барои миллати худшиносу худогоҳи тоҷик истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат, шаъну шараф, нангу номус, обрӯи байналмилалӣ ва  шарти асосии мавҷудият ба ҳисоб рафта, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии миллати сарбаланд аз ин неъмат аст, ки  расидан ба ин дастоварди бузург дар ин марҳила танҳо бо хиради азалӣ ва сиёсати бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои миллат ба даст омадааст.

Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандӣ мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш ба як зумра иштирокчиёни фаъол сипосномаҳо тақдим шуд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби сарояндагони шинохтаи шаҳри Кӯлоб сурудҳои ватандӯстона пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 12, 2023 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад