Дар Тоҷикистон дар 9 моҳ 6,3 ҳазор тонна макарон истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 06.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар Тоҷикистон 31 корхона ба истеҳсоли макарон машғул буда, дар 9 моҳи соли равон 6,3 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Талаботи аҳолии мамлакат ба макарон дар як сол 13,9 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе 9 корхонаи маҳсулоти макаронӣ фаъолият дорад.
Дар 9 моҳи соли 2023 дар пойтахт 3,9 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол шудааст, ки 62,0 фоизи маҳсулоти макаронии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди саноат (2022-2026), инчунин амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи кор ба истифода дода шуд.
Инҳо корхонаҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли қолинҳо, нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, истеҳсоли равған, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ва истеҳсоли макарон мебошанд.
Бунёду ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини аҳолӣ бо шуғли доимӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, тараққиёти иқтисодиёти мамлакат ва рушди соҳаи саноат заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






