Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид

Ноябрь 14, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. 15 ноябр маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рӯзҳои қабл аз баргузории маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ  ба иштироккунандагони фаъоли озмун ва кормандони Китобхонаи миллӣ ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён  ба омӯзгороне, ки шогирдони босаводу бомаърифат тарбия намудаанд, падару модароне, ки барои китобҳои бадеӣ хондани фарзандони худ шароити мусоид фароҳам овардаанд, аз номи муассиси озмун- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои дастгирии ташаббусҳои маорифпарварона ва иштироки фаъолона арзи сипос намуд.


Гуфта шуд, ки соли панҷум аст, ки фазои мамлакатро озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо муаррифии чеҳраҳои суханвар, донишманд, забондону эҷодкор мунаввар сохтааст. Талошҳои аҳли ҷомеа барои хондан ва аз худ намудани осори бадеии ниёгон ва асарҳои адибони ҷаҳоншумули олам сол аз сол бештару беҳтар мегардад.

Дар нишасти тантанавии ҷамъбасти озмун ба омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои сазоворро соҳиб гардиданд, нишони «Алочии маорифи Тоҷикистон» тақдим шуд.

Ҳамчунин муовинони ректорони донишгоҳҳо, ки дар номинатсияҳо масъул буданд, қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати маориф ва илм як зумра  кормандони Китобхонаи миллӣ, ки дар баргузории озмун саҳми назаррас гузоштанд, бо Сипоснома сарфароз гардиданд.

 

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт