ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Вазорати молияи Тоҷикистон барои қабули таклифу пешниҳод почтаи электрониро фаъол намуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар раванди хизматрасонии муздноки давлатӣ, ки татбиқи он тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» амалӣ мешавад, барои қабули таклифу пешниҳод бо нишонии peshnihod@moliya.tj почтаи электрониро фаъол намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад.
Бо мақсади бартараф намудани мушкилиҳое, ки дар ин раванд ҷой доранд, аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хоҳиш мешавад, ки таклифу пешниҳоди худро вобаста ба масъалаи мавриди назар ба суроғаи электронии peshnihod@moliya.tj манзур намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид






