Мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Созишнома дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодиро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия Созишнома дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ ба имзо расид.
Имзои Созишнома дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсия Русия баргузор шуда, ҳуҷҷатро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия Руслан Давидов ба имзо расониданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумрук хабар доданд, Созишнома имкон медиҳад, ки раванди тезонидани интиқоли молҳо байни мамлакатҳо аз ҷониби иштирокчиёни боэътимоди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ сода гардад. Ҳангоми таҳвили мустақим байни танзимгарони ваколатдори иқтисодии Тоҷикистон ва Русия амалиёти азназаргузаронӣ ва муоинаи гумрукӣ дар навбати аввал анҷом дода мешавад. Ҳамзамон назорати ҳуҷҷатии гумрукӣ ва амалии он дар ҳаҷми ҳадди ақалл барои риояи қонунгузории гумрукӣ гузаронида мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






