МО ҲАМЕША МУШТОҚИ ДИДОРИ ҲАМДИГАРЕМ. Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо бо шоирону нависандагони Тоҷикистон мулоқот намуд

Ноябрь 9, 2023 16:41

ДУШАНБЕ, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо 8 ноябр дар шаҳри Душанбе бо шоирону нависандагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вохӯрӣ ва суҳбат намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мулоқот намояндагони илму адаб, аҳли зиё ва ҳайати фарҳангии ҳарду давлат иштирок доштанд.

Нахуст Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ба мулоқот оғоз бахшида, иброз намуд, ки “мояи қаноатмандӣ аст, ки ҳамкории муштарак дар соҳаи илм,  фарҳанг ва   адабиёт байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон густариш меёбад. Аз ҷумла, тибқи қарордодҳои Вазорати фарҳанги ҳар ду давлат китобҳои зиёди адибону нависандагони мо дар ҳар ду мамлакат чоп шудаанд. Ин иқдом, албатта, ба шиносии бештари мардуми мо мусоидат менамояд, чунки маънавиёт, диду назари  ҳар миллат дар шеъраш, дар адабиёту илмаш инъикос меёбад. Бисёр хушоянд аст, ки 10 нафар адибону олимон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Фарҳангистони овозадори забону адаби Эрон мебошанд”.

Хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо дар навбати худ изҳор намуд, ки «беҳад шодам аз ҳамкории муштарак, пазироии гарм бо шумо, мо ба мисли як хонавода, як  хешовандоне ҳастем, ки ҳамеша муштоқи   дидори якдигар мебошем. Мо мероси муштараки таърихиву фарҳангӣ дорем, ки барои равнақи бештари ҳамкорӣ ва муносибот бисёр  муҳим аст. Хушҳол аз онем, ки дар канори адибону нависандагони тоҷик қарор доштем, аз бузургони гузаштаи ёд кардем ва руҳи ниёгони худро шод намудем», — иброз намуд номбурда.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ адибону нависандагони маъруфи Тоҷикистон сухан гуфта, бо изҳори хушнудӣ аз рушди муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон шеърҳо қироат намуданд.

Монандаи ду ахтар
Дар осмони Ховар,
Нурофару дурахшон,
Эрону Тоҷикистон.
Як умр бо дили соф,
Дар остони инсоф.
Ду парчами парафшон,
Эрону Тоҷикистон.
Бар номи хеш лоиқ,
Бар асли хеш содиқ,
Пайванди некномон.
Эрону Тоҷикистон…

Таъкид гардид, ки муносибатҳои илмиву адабӣ ва фарҳангиву сиёсии ду давлат дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, хусусан дар  замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бештар густариш ёфтанд. Изҳори умед  шуд, ки бо аз байн бурдани раводид байни ду давлат ин муносибатҳо боз ҳам қавитар мегарданд.

Мулоқоти адибон дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ба анҷом расид.

София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС)

АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2023 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд