Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми Боку оид ба рушди устувор иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Форуми Боку оид ба рушди устувор доир гардид. Дар он ҷиҳати муаррифии роҳҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус сармоягузории «сабз» муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар форум иброз гардид, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи банақшагирии стратегии мамлакат таҳким ёфта, ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар ин самт мутобиқ ба ҲРУ- Рӯзномаи 2030 СММ таҳия ва амалӣ мегарданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон самти рушди иқтисоди «сабз»-ро интихоб намуда, дар ин самт иқтидорҳои калон дорад. Бинобар ин аз ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷиҳати ҳамкорӣ ва ҷалби сармоя дар амалигардонии Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» даъват ба амал оварда шуд.
Ҳамзамон дар ҳошияи форум якчанд мулоқоту суҳбатҳои кӯтоҳ бо намояндагони бахшҳои давлатию хусусӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, бо муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиб Маммадов оид ба ҷараёни татбиқи ҳуҷҷатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар самти савдо, нақлиёт, коркарди нафт, сармоягузорӣ ва дигар самтҳо мусоҳиба доир гардид.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






