«ПЕШСАФ». Дар шаҳри Бохтар Форуми дуюми минтақавии ихтироъкорон ва соҳибкорони ҷавон доир шуд

Ноябрь 5, 2023 17:11

ДУШАНБЕ, 05.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловиддин Абдуллоев Форуми дуюми минтақавии ихтирокдорон ва соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Пешсаф» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Форум «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» (2020-2040) бахшида шуда, бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврасу ҷавон доир гардид. Дар он иштирокдорон бо ихтирооти пешниҳоднамудаи наврасону ҷавонон шинос шуда, ба онҳо баҳои хуб доданд.

Гуфта шуд, ки маҳз дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду пешрафти соҳаи маориф, муҳайё намудани шароити таълиму тарбия ва беҳтар гардидани сифати таҳсилот имконият дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд истифода мегардад. Хусусан, Ташкилоти ҷамъияти «Томирис» барои муҳайё намудани шароити хуби таълим лоиҳаҳои махсусро барои омӯзгорону хонандагон пешниҳод намудааст, ки дар натиҷа маблағҳои лоиҳавӣ баҳри ободонии муассисаи таълимӣ ва муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо масраф мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Ноябрь 5, 2023 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд