ПРЕЗИДЕНТ-КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА. Дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 15, 2023 16:40

ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент-ҳомии манфиатҳои миллӣ ва кафили зиндагии шоиста» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллӣ Фаридун Кенҷаев хабар дод.

Ҳамоиш бо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, зимни он иброз гардид, ки муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем. Зеро, маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи  Сарвари давлатамон  ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.

Шоистаи ёдоварӣ аст, ки Осорхонаи миллӣ зодаи давраи соҳибистиқлолӣ буда, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Дар ин даврон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ 2658 ёдгории таърихию фарҳангӣ эҳдо гардидаанд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ ва осорхонавӣ доранд. Бо истифода аз ин ашёи муҳим дар Осорхонаи миллӣ «Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил шудааст.

Дар доираи ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ барои меҳмонон дар «Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар гӯшаҳои намоишӣ экскурсияҳо гузаронида шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2023 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд