«РАСМИ БЕҲТАРИН». Дар Хоруғ баҳри дарёфти истеъдодҳои нави санъати рассомӣ озмуни эҷодӣ доир гардид

Ноябрь 12, 2023 11:25

 ДУШАНБЕ, 12.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави санъати рассомӣ, баланд бардоштани фаъолияти эҷодӣ ва жанрҳои санъати тасвирӣ, тақвият бахшидан ба маҳорат, намунаҳои санъати рассомӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ дар гурӯҳи синфҳои 1-4, 5-9, 10-11-и мактаби санъати шаҳр ва калонсолони гурӯҳҳои аз18  то 30-сола ва аз  31 то 50- сола озмуни «Расми беҳтарин» гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад. 

Озмуни «Расми беҳтарин» байни хонандагони Мактаби санъати рассомӣ бо иштироки аъзои комиссия ва муаллимони муассисаи санъати рассомӣ Солим Аламшоев ва Зулфия Ноёбшоева баргузор шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории озмун- ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони соҳибистеъдод ва лаёқатманди муассисаи санъати рассомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва ба ин восита баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ташвиқу тарғиби тасвири манзараҳои гуногун ва ташаккули додани ҳисси зебоипарастӣ ва маънавии шаҳрвандон мебошад.

Ҳайати аъзои комиссия истеъдоди хонандагонро ба назар гирифта, 5 нафарашонро ба даври вилоятӣ пешниҳод намуданд.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Ноябрь 12, 2023 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд