Роҳсозони Бадахшон соҳиби чор техникаи замонавӣ гардиданд

Ноябрь 23, 2023 14:32

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи ҷобаҷокунии техникаҳои муҳандисӣ дар минтақаҳои хавфнок ва омодагии идораву муассисаҳо барои давраи зимистони солҳои 2023-2024 мавриди баррасии роҳбарияти вилоят ва сохтору идораҳои дахлдор қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Роҳбарияти  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят гузориш пешниҳод намуда, иброз дошт, ки бо мақсади баҳисобгирии ҳаҷми сӯзишворӣ ва маводи зидилағжиши захирашуда дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят ва омодагии техникаю механизмҳои муассиса якчанд корҳо анҷом дода шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки бо дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол роҳсозони вилоят боз соҳиби чор техникаи замонавӣ гардиданд. Аз ин рӯ омодагии муассисаҳои роҳнигаҳдорӣ ба мавсими зимистон бояд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Таъкид гардид, ки дар ҳолати хуб ва ба талабот ҷавобгӯ нигоҳ доштани роҳҳои мошингард муҳимтарин вазифаи роҳсозон мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ноябрь 23, 2023 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд