«ШАБЕ ДУР АЗ ВАТАН». Намоиши Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар Ҷашнвораи IV байналмилалии театрии «Санъати театрӣ дар марҳилаи хушбахтӣ», ки аз 14 то 16 ноябр дар шаҳри Ашқобод ва шаҳри Аркадаги Туркманистон баргузор шуд, бо намоиши «Шабе дур аз Ватан» иштирок намуд, ки он аз ҷониби тамошобинон беҳтарин намоиши ин ҷашнвора ҳисобида шуд. Чунин иброз намуд директори театр Сӯҳроб Мирзоев ба АМИТ «Ховар».
Ҳамзамон дар ҷашнвора гурӯҳҳои машҳури театрҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркия бо намоишҳои ҷолиб иштирок доштанд. Иштирокчиёни Ҷашнвораи байналмилалии театриро бо оғози кор Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов табрик намуд.
Мақсади асосии ҷашнвора мустаҳкам намудани робитаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи санъати театр, фароҳам овардани шароит барои амалӣ гардонидани барномаҳои муштарак байни гурӯҳҳои театрӣ, инчунин ҷалб намудани диққати театрҳо ба навъҳои замонавии раванди театрӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки «Шабе дур аз Ватан» аз намоишҳои маъруфи Театри давлатии ҷавонон буда, онро коргардон Нозим Меликов аз рӯи асари шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир таҳия намудааст. Дар ин намоиш ҳунарпешагон Моҳпайкар Ёрова, Абдумӯъмин Шарифӣ ва Сӯҳроб Ҷанҷолов нақшҳои асосиро иҷро менамоянд.
«Шабе дур аз Ватан» аз ҷумлаи намоишҳое мебошад, ки то имрӯз дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалии театрӣ ва озмунҳо иштирок намуда, соҳиби дипломҳо ва ифтихорномаҳо гардидааст.
Ин намоиш аллакай дар Қазоқистон, Русия, Молдова, Қирғизистон ва Афғонистон манзури тамошобинон гардонида шудааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон








Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд






