РУШДИ МАОРИФ ВА ИЛМ. Соли 2024 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ин соҳаҳо беш аз 8,2 миллиард сомонӣ ҷудо мегардад

Ноябрь 23, 2023 09:06

ДУШАНБЕ, 23.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф ва илм дар ҳудуди 8 млрд. 231,9 млн. сомонӣ ҷудо мегардад, ки нисбат ба соли гузашта 1 млрд. 21,5 миллион сомонӣ ё 14,2 фоиз зиёд буда, қариб 18,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ва 5,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Дар ин хусус зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026» дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 15 ноябри соли 2023 баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқӣ зимни баррасии масъалаи мазкур иброз дошт, ки «Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта, сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз, ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок донис­та, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст».

Насиба Содиқӣ илова намуд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – илму маорифро аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати худ қарор додааст. Он тадбирҳое, ки вобаста ба маориф ва илм, фарҳанг ва санъат, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ дар лоиҳаи қонуни буҷет барои соли оянда пешбинӣ шудаанд, яъне тадриҷан сарфи маблағ барои ин соҳаҳо, минбаъд барои эҳё намудани мақоми давлати тоҷикон ҳамчун маркази илму маориф ва фарҳанги ҷаҳонӣ яке аз сарчашмаҳои заминасоз мегардад.

«Ин имкон медиҳад, ки муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаю технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳм гузоранд»,- афзуд вакили мардумӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст. Дар ин давра дар қаламрави мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд ва корҳо дар ин самт босуръат идома доранд.

Тибқи маълумоти расмӣ, агар дар соли таҳсили 1991-1992 шумораи хонандагон дар мамлакат 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод, ин рақам дар соли таҳсили 2022 — 2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ қариб 1 миллион нафар зиёд мебошад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 23, 2023 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон раванди озмоишии модулҳои таълимии лоиҳаи Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ гузаронида шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва тарҷумашиносӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ барномаҳои стипендиявии Лаҳистон муаррифӣ гардиданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳоии CirculEC ва OFINU баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ оид ба тағйирёбии иқлим ва пешгирии обшавии пиряхҳо ҳамоиши илмӣ доир гардид
Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии илмҳои компютерӣ ва рушдёбандаи Покистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо ширкати «Really English»-и Британия ҳамкорӣ менамояд
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Конгресси якуми ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти фарогир дар Алмато иштирок намуд
Тоҷикистону Қирғизистон дар самти такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» оғоз гардид
Омӯзгорону кормандони соҳаи маориф дар Федератсияи Русия табодули таҷриба намуданд