«СОЛИ САЙЁҲӢ 2023». Форуми Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Урумчии Чин мегузарад
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 ноябр дар яке аз марказҳои асосии сайёҳии Чин — шаҳри таърихии Урумчии Ноҳияи Мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Соли сайёҳӣ 2023» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки Форуми Созмони ҳамкории Шанхай «Соли сайёҳӣ-2023» нахустин ҳамоиши мавзуӣ аз ҷониби Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳукумати халқии Ноҳияи Мухтори Шинҷон- Уйғур дар Чин дар чаҳорчӯби Соли сайёҳии Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ки аз ҷониби сарони давлатҳо зимни баргузории ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо мақсади дастгирии соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сайёҳии шаҳру ноҳияҳо дар ҳудуди Созмони ҳамкории Шанхай эълон шуда буд.
Форум дар намоишгоҳи марказии Урумчӣ доир шуда, роҳбарони маъмурияти сайёҳӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҳукуматӣ ва доираҳои соҳибкорӣ, коршиносони соҳаи сайёҳӣ ва дипломатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро барои баррасии ташаббусҳои муштарак баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ҷамъ овардааст.
Дар доираи форум 4 бахши мавзуӣ дар самтҳои зерин ба нақша гирифта шудааст: «Иқтидори сайёҳии фазои Созмони ҳамкории Шанхай», «Иқтидори сайёҳии Ноҳияи Мухтори Шинҷон-Уйғур», «Пешбурди сайёҳии устувор» ва «Рушди сайёҳӣ ҳамчун омили паст намудани сатҳи камбизоатӣ».
Ҳадафи аслии ҳамоиш мусоидат ба рушди бахши сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, эҷоди лоиҳаҳо байни гурӯҳҳои кишварҳои аъзо, инчунин ташаккули фазои умумии сайёҳӣ мебошад.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ намояндагони сохторҳои марбута, ширкатҳои сайёҳӣ, субъектҳои сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доранд.
Намояндагони мамлакат бо ҳамтоёни хориҷӣ масъалаҳои муҳими соҳаи сайёҳӣ, дарёфти роҳҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва дигар мавзуъҳои мавриди назарро баррасӣ менамоянд.
Дар доираи форум меҳмонон ҳамчунин бо мавзеъҳои табиию таърихӣ ва фарҳангии Ноҳияи Мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос мешаванд.
Форуми Созмони ҳамкории Шанхай «Соли сайёҳӣ-2023» то 26 ноябр идома меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад






