Таъмири се канали калони шаҳри Хоруғ бо кумаки ширкатҳои сохтмонӣ оғоз гардид

Ноябрь 23, 2023 18:19

ХОРУҒ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар се канали асосии шаҳри Хоруғ баъди давраи обмонӣ  марҳилаи дуюми корҳои таъмириву навсозӣ бо ҷалби чор ширкати сохтмонии маҳаллӣ оғоз гардид. Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иттилоъ доданд, ҳадафи он бартараф намудани мушкилоти норасоии оби полезӣ дар фасли баҳору тобистон мебошад.  

Соли дуюм аст, ки баъди анҷоми давраи обмонӣ мавзеъҳои осебпазири ҳар се канал таъмир мешаванд. Зеро ин шабакаи обрасонӣ аз доманакӯҳҳо мегузарад ва зери таҳдиди селу тармаву сангфароӣ қарор дошта, ҳамасола дар фасли баҳор ба таъмир ниёз пайдо менамояд. Соли гузашта бо ҷалби кормандони идораву муассисаҳои давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ, инчунин сокинони Ҷамоати шаҳраки Сомоншаҳр  ва як қисми ноҳияи Роштқалъа дар ҷараёни ҳашарҳои дастҷамъона дар масофаи 300 метр канали обгузари «Додихудо» бетонпӯш гардид.

Сардори шуъбаи беҳдошти замин ва обёрии вилоят Қурбонбек Худоёров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки «канал, ки  зиёда аз  12 километр дарозӣ дошта, аҳолии Ҷамоати Сомониёни шаҳри Хоруғро аз оби полезӣ таъмин  менамояд, ҳамасола   бар асари бориши зиёди барфу борон қисматҳои алоҳидаи он тахриб мегарданд ва ҳар сол бо кумаки   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ баъди мавсими обёрӣ сари вақт таъмир  мешавад. Таъмиру тармими саривақтии ҳар се канал ба миён омадааст. Канали ба номи Назаршо Додихудоев яке аз каналҳои калонтарини шаҳри Хоруғ аст, ки иқтидори обгузаронии он дар як сония то ба 7 ҳазор метри кубӣ баробар мебошад.  Канали Темур 12 километру 600 метр дарозӣ дошта, аз он бошандагони 8 маҳаллаи шаҳраки Шириншо Шоҳтемури шаҳри Хоруғ  барои обёрии заминҳои наздиҳавлигӣ ва боғот истифода менамоянд».

Ҳоло бо мақсади пешгирии полоиши об ва васеъ намудани наҳри об ширкатҳои сохтмонӣ ба таъмиру навсозӣ дар чор мавзеъ оғоз намуданд. Баъди таъмири ин канал бештар аз 40 гектар  замину боғҳои танҳо  аҳолии Ҷамоати шаҳраки Шириншоҳ Шоҳтемур  то маҳаллаи Фурудгоҳ бо оби полезӣ таъмин мешаванд.

Ширкати сохтмонии маҳаллии «Хонаободони Помир» низ дар айни ҳол ба тахту ҳамворкунӣ ва омодасозии мавзеи ба он вобастагардида машғул буда, сохтмончиён ният доранд, ки то охири моҳи равон минтақаи хатарнокро бетонпӯш ва онро ба мавсими обмонӣ омода намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2023 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Биржаи байналмилалии сайёҳии Милан-2025 иштирок намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз шаҳри Турсунзода ба хориҷи мамлакат беш аз 18 ҳазор тонна ангур содирот шуд
Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
Дар шаҳри Норак ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ расид
Дар Хоруғ 97 фоизи субъектҳо ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид
Иқтисоди рақамӣ яке аз шартҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад
КИШТИ БАҲОРӢ. Ҳайати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо омодагии деҳқонони шаҳри Ҳисор шинос шуд
Соли 2025 дар ноҳияи Спитамен дар 6500 гектар пунбадона кишт карда мешавад
Дар Тоҷикистон сохтмони панҷ маркази логистикӣ оғоз меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон сохтмони 29 026 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Соли 2024 дар вилояти Суғд 166 корхонаю коргоҳи нав ба фаъолият оғоз намуд