Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз ҳамкорӣ ва ташаббусҳои иқлимиро тақвият мебахшанд

Ноябрь 17, 2023 11:23

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва муовини директори иҷроияи Фонди иқлими сабз (GCF) Генри Гонсалес баргузор гардид. Вохӯрӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва ин ниҳоди байналмилалии молиявии иқлим равона шуда буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Дар мулоқот ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории кунунии Тоҷикистон ва GCF баррасӣ шуд. Ҳарду ҷониб ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо, ҳамкории минтақавӣ, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро оид ба об, иқлим ва пиряхҳо баррасӣ намуданд. Дар мулоқот ҳамчунин ба дастгирии GCF ба Тоҷикистон дар масъалаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Яке аз мавзуъҳои муҳими вохӯрӣ- ин баррасии масъалаи тасвиби Барномаи нави кишварии GCF дар Тоҷикистон буд. Барнома лоиҳаҳо ва ташаббусҳои гуногунро дар бар мегирад, ки ба ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва мусоидат ба рушди устувор дар мамлакат нигаронида шудаанд. Он ба афзалияти миллии Тоҷикистон мувофиқат намуда, ҳамчун харитаи роҳ барои ҳамкории Тоҷикистон ва GCF то соли 2027 хизмат менамояд.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумита Баҳодур Шерализода ба GCF барои дастгирии пайваста изҳори сипос намуда, аҳамияти вохӯриро дар таҳкими талошҳои Тоҷикистон дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои табиии он таъкид намуд. Инчунин тарафдории Тоҷикистон аз рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо, ки барои экосистема ва манобеи оби минтақа муҳим мебошанд, иброз шуд.

Генри Гонсалес аҳамияти нақши Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти марбут ба тағйириёбии иқлим эътироф намуда, ба ҷониби Тоҷикистон дастгирӣ ва ҳамкории доимии GCF-ро  барои  ноил шудан ба ҳадафҳои иқлим ва рушди устувори он таъкид кард.

Мулоқоти намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва GCF шарикии қавӣ ва тарафдории муштараки онҳоро дар ҳалли мушкилот роҷеъ ба тағйирёбии иқлим нишон дод. Бо талошҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои муассир ин шарикӣ омода аст, ки дар мубориза бо тағйирёбии иқлим, рушди устувор дар Тоҷикистон ва дар маҷмуъ дар минтақа саҳми арзанда гузорад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2023 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд