Завқӣ Завқизода бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо масъалаи баргузории чорабиниҳои СПЕКА дар Тоҷикистонро баррасӣ намуд

Ноябрь 24, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи  ҷаласаи 18-уми Шурои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) хонум Татяна Молчан доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар доираи СПЕКА, аз ҷумла вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои СПЕКА дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Завқӣ Завқизода барои ҳамкории мутақобилан судманд миннатдорӣ баён намуда, дархост намуд, ки дар масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, тиҷорати электронӣ, содагардонии расмиёти савдо, иқтисоди «сабз» ва дигар самтҳои афзалиятноки мавриди назар кумакҳои худро бештар намоянд, ки аз он ҷониб хуш пазируфта шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид