АСАЛИ ТОҶИКИСТОН. Зиёда аз сад намунаи он ба бозори давлатҳои Иттиҳоди Аврупо роҳ ёфтаанд

Декабрь 3, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта пас аз интишори расмӣ дар нашрияҳои Ҳукумати мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии амалисозии фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, самтҳо ва тартиби танзими давлатӣ, инчунин кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқи моликиятро дар соҳа муқаррар намуда, ба ҳифз ва афзоиши оилаҳои занбӯри асал, афзунгардонии маҳсулоти истеҳсолшаванда ва истифодаи босамари занбӯри асал дар гардолудкунии растаниҳои энтомофилӣ нигаронида шудааст.  

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар машварати занбӯриасалпарварӣ, ки 20 июни соли равон дар ноҳияи Ховалинг баргузор гардида буд, гуфта буданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли асал — яке аз навъҳои беҳтарини маҳсулоти табобатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиш додани даромади аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат корҳои басе назаррас анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, чор барномаи давлатии рушди соҳа бо ҷудо намудани зиёда аз 10 миллион сомонӣ аз буҷети давлат қабул гардид, ки ба пешрафти занбӯриасалпарварӣ дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат такони ҷиддӣ бахшид.

Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди соҳа шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ соли 2022 ба 264 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 4,6 ҳазор тонна расонида шуд. Рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ барои таъмин намудани  зиёда аз 10 ҳазор нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кор мусоидат намудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои омода намудани мутахассисони соҳа дар факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бахши занбӯриасалпарварӣ бо қабули 25 донишҷӯ ҳар сол таъсис дода шуд. Ҳамчунин дар ҳамин давра Корхонаи воҳиди давлатии занбӯриасалпарварии «Асали Тоҷикистон» бо шароити зарурии моддиву техникӣ таъмин ва панҷ корхонаи коркарди асал ташкил  шудааст.

Албатта, дастовардҳои соҳа дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои то замони соҳибистиқлолӣ хеле назаррас ҳастанд.  Барои намуна, агар соли 1991 ҳамагӣ 61 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта бошад, соли 2022 шумораи оилаҳои занбӯри асал 264 ҳазорро ташкил дод, агар соли  1991 дар маҷмуъ 593 тонна асал истеҳсол шуда бошад, соли 2022 ин нишондиҳанда 4,6 ҳазор тонна асалро ташкил дод.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати ҷумҳуриявӣ бо ҳузури занбӯриасалпарварон аз тамоми минтақаҳои мамлакат чунин изҳор намуданд: «Мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш ва дигар захираҳои табиии мамлакат (зиёда аз 170 намуд ва майдони 3,8 миллион гектар) заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки дар Тоҷикистон соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад». Ба ифодаи дигар, Сарвари Ҳукумат нишон доданд, ки имконияти истифоданашуда ҳанӯз ҳам бисёранд ва дастур доданд, ки рушди соҳа бо тамоми ҷидду ҷаҳд идома дода шавад ва солона то 14 ҳазор тонна асал ҷамъоварӣ шавад: «Ҳамчунин маҳсулоти дигари соҳа, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва заҳри занбӯр, ки дар саноати дорусозӣ ва тибби муосир васеъ истифода мегардад, истеҳсол ва маҳсулоти соҳа ба хориҷи мамлакат содирот шавад».

Тавре ки аз сарчашмаҳои боз бармеояд, ҳаҷми истеҳсоли асал дар тамоми рӯи замин ҳамасола бештар аз 900 ҳазор тонна буда, кишварҳои Амрикои Марказӣ ва Шимолӣ дар истеҳсол ва фурӯши асал ҷойи аввалро ишғол менамоянд (220 тонна асал дар як сол). Мамолики Осиё 185 тонна, давлатҳои Аврупо 150 ҳазор тонна ва Федератсияи Русия ба бозори ҷаҳонӣ 190 ҳазор тонна асал дар як сол пешниҳод менамоянд.

Тавре гуфта шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991   593 тонна, соли 2022 —  4,6 ҳазор тонна ва ҳоло бо дастури Президенти мамлакат бояд истеҳсоли асал то ба 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад. Ҷиҳати расидан ба ин нишондииҳанда тамоми шароити табиӣ — боду ҳавои мусоид, майдонҳои боғот, киштзор, ҷангалҳо муҳайё ҳастанд ва акнун бо қабул кардани қонун заминаҳои ҳуқуқӣ-қонунӣ низ таъмин  шуд.

Қонун «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» дар таҳрири нав, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Бозоралӣ Одиназода, вакилони Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, Мирзоанвар  Ахмедов, Зоир Раҳмонзода, Бахтиёр Аҳмадзода, Сурайё Дӯстмуродзода, З. Сафарзода таҳия гардидааст. Мақсад аз таҳия ва қабули қонун дар таҳрири нав тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, мушаххас гардондани ваколатҳои мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, объекту субъект­ҳои моликият, кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқ ба он, ҳифзи занбӯри асал, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳа шарҳ дода шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Парлумони мамлакат иттилоъ доданд, дар раванди таҳияи лоиҳаи қонун дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини рушди устувори соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва пешниҳоду тавсияҳои мутахассисону коршиносони соҳа ба назар гирифта шуданд. Дар қонун пешбинӣ гардидааст, ки шахсони воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошанд, ҳуқуқ доранд фаъолиятро дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ барои қонеъ гардонидани талаботи шахсии худ дар ҳаҷми то 30 оилаи занбӯри асал амалӣ намоянд.

Зимнан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати занбӯриасалпарварон гуфта буданд, ки парвариши 30 оилаи занбӯри асал имкон медиҳад, ки талаботи молиявии як хонавода давоми сол таъмин шавад. Яъне, агар ҳар шахс 30 оилаи занбӯри асал парвариш намояд, эҳтиёҷоти аҳли хонаводаи худро барои як сол пурра таъмин месозад. Акнун қонунгузорӣ низ барои машғул шудан ба ин кор на танҳо иҷозат медиҳад, ҳамчунин мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадор шуданд, ки баҳри дастгирӣ ва рушди соҳа ҳам ба шахсони воқеӣ ва ҳам ба шахсони ҳуқуқӣ мусоидат намоянд, барои интихоби маконҳои муваққатии қуттиҳои занбӯри асал кумак расонанд. Ҳамчунин дар қонун дигар паҳлуҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, аз ҷумла роҳҳои ҳалли масъалаҳои баҳсӣ нишон дода шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои зотпарварӣ ва ноҳиябандии навъҳои занбӯри асал тадбирҳои амалӣ андешанд.

Яке аз паҳлуҳои фоидаовари машғул шудан ба парвариши занбӯри асал маҳсулоте ҳастанд, ки занбӯриасалпарварони мамлакат, мутаассифона, ба он аҳамияти зарурӣ намедиҳанд ва танҳо ба гирифтани асал ҳавасманд ҳастанду бас. Ҳол он ки Пешвои миллат дар ҳамон машварат таъкид намуданд, ки «гарчанде асал маҳсулоти асосии занбӯри асал ба шумор меравад, аммо арзиши он дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба дигар маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ садҳо баробар паст мебошад. Масалан, арзиши 1 килограмм гарди гул нисбат ба асал 6 баробар, ширеш 8 баробар ва заҳри занбӯр 660 баробар баландтар аст».

Маълум аст, ки оилаҳои занбӯр барои истеҳсоли маҳсулот ва гардолуд намудани зироати кишоварзӣ истифода мешаванд. Пешвои миллат дар робита ба мавзуи гардолуд намудани зироат гуфтанд, ки «дар аксари мавридҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ моҳияти гардолудшавии боғот ва зироатро сарфи назар намуда, дар ҳудуди заминҳои ба онҳо вобасташуда ҷойгиркунии оилаҳои занбӯри асалро бе пардохти маблағ аз ҷониби занбӯриасалпарварон иҷозат намедиҳанд, ки ин боиси паст гардидани ҳосилнокии зироат мегардад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар аксари кишварҳои пешрафта хоҷагидорон барои дар заминҳои худ ҷойгир намудани оилаҳои занбӯри асал ҳавасманд буда, баръакс, ба занбӯриасалпарварон маблағ низ пардохт менамоянд. Тибқи хулосаи олимон, ҳангоми гардолудшавии растаниҳо бо занбӯри асал ҳосилнокии пахта ва офтобпараст аз 30 то 50 фоиз ва зироати дар гармхона парваришёбанда то 100 фоиз баланд мешавад. Дар Голландия ва дигар давлатҳои пешрафта махсус занбӯри асал парвариш намуда, онро бо мақсади гардолудкунии гули сабзавот дар гармхонаҳо истифода мебаранд ва бо ҳамин роҳ аз як гектар замин то 500 тонна помидору бодиринг ва то 150 тонна қулфинай мегиранд».

Эътироф бояд намуд, ки ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудани Сарвари давлат, қабул шудани қонун дар таҳрири нав, дастуру супоришҳои мушаххас ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкили даврҳои омӯзишии доимӣ, ташкили озмоишгоҳи миллии дорои аккредитатсияи байналмилалӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти асал ва дигар намудҳои маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, истифодаи комплексии оилаҳои занбӯри асал, гирифтани маҳсулоти иловагии асалпарварӣ, аз ҷумла гарди гул, ширеш ва заҳри занбӯр, ташкил намудани раванди омодасозии асали ба содирот нигаронида, бештар намудани коргоҳҳои коркард ва бастубанди асал, аз тарафи ҳар хонадони мамлакат парвариши 5-10 оилаи занбӯри асал бе сабаб ва бе замина нест.

Зеро дар ҳамон машварат изҳор шуд, ки асали Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ бо назардошти сифати баланд, таъми хуш ва аз лиҳози экологӣ тоза буданаш сазовори ҷоизаҳо гардидааст. Асали Тоҷикистон соли 2014 дар Конгресси чоруми байналмилалӣ оид ба занбӯриасалпарварӣ ва намоиши асали кӯҳӣ дар Туркия соҳиби ҷоизаи биринҷӣ, соли 2015 дар намоишгоҳи «Продэкспо – 2015»-и Федератсияи Русия соҳиби медали тилло, соли 2018 дар Иди байналмилалии занбӯриасалпарварон дар шаҳри Истанбули Туркия (намунаи асали ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Сангвор ва Шаҳристон) соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ ва соли 2019 дар намоишгоҳи байналмилалии «Асал ва маҳсулоти он» дар шаҳри Давҳаи Қатар (асали Ховалинг) соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ гардидааст.

Ҷиҳати ба роҳ мондани содироти асал дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии савдо зиёда аз сад намунаи асали Тоҷикистон аз озмоишгоҳҳои дорои аккредитатсияи байналмилалии давлати Олмон аз ташхиси лабораторӣ гузашта, бинобар мусбат арзёбӣ гардидани сифати онҳо ба бозори давлатҳои Иттиҳоди Аврупо роҳ ёфтаанд.

А.САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз бойгонии Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Декабрь 3, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хатлон 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид
Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад