«АЗ ПЕШВО БИОМӮЗ ДАРСИ ВАТАНПАРАСТӢ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлати Кӯлоб ҳамоиши илмӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров-бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик» бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва 29-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз Пешво биомӯз дарси ватанпарастӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Таъкид гардид, ки «Тоҷикон» асаре аст, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст.
Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккули миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Изҳор гардид, ки аҳаммияти ин асар имрӯз, яъне дар шароити вусъати рӯзафзун пайдо намудани паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ барои худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан наврасону ҷавонон ва тавсеаи тафаккури таърихии онҳо торафт меафзояд.
Имрӯз асари «Тоҷикон» ба китоби рӯйимизии ҳар фарди тоҷик мубаддал гардидааст. Воқеан ҳам, ин шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров дар навиштани китоби «Тоҷикон» заҳмати хеле зиёде кашидааст. Маҳз ҳамин китоб бузургии миллати тоҷикро бори дигар исбот намуд. Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро барои таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.
Зимнан маърузачиён аз иқдоми навбатии Пешвои миллат доир ба нашри асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар оилаи мамлакат дастрас намудани он ёдрас шуда, онро барои огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон муҳим ва саривақтӣ донистанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид






