Бо мусоидати Шурои кории Тоҷикистон ва Русия дар ҷумҳурӣ беш аз 400 корхона бо сармояи Русия муваффақона фаъолият доранд

Декабрь 19, 2023 10:24

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар Тоҷикистон бо мусоидати Шурои кории Тоҷикистон ва Русия беш аз 400  корхона бо сармояи ширкатҳои Русия муваффақона фаъолият доранд. Ин нукта дар ҷаласаи солонаи Шурои кории Тоҷикистон ва Русия, ки ба таври маҷозӣ бо иштироки  Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Дмитрий Волвач ва раиси Шурои кории Тоҷикистон ва Русия Ислам Назаралиев баргузор гардид, таъкид шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи солонаи Шурои кории Тоҷикистон ва Русия инчунин роҳбарони намояндагони бахши хусусии ҳарду ҷониб иштирок намуданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон ва Русия  имконияти ҳамкории ду давлат дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт баррасӣ шуд. Инчунин аз ҷониби доираҳои бахши хусусӣ лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ ва  шаҳри ҳушманд муаррифӣ гардиданд.

Иброз гардид, ки байни Тоҷикистон ва Русия   иқтидори истифоданашуда вуҷуд дорад ва мо омодаем дар соҳаи маблағгузории лоиҳаҳо ба таври муштарак кор барем.

Дар анҷом  аз иштирокдорони Шурои корӣ даъват шуд, ки ба амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорию тиҷоратӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

 АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 19, 2023 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид