Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо ҷалби сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Эрон, ки соли 2024 дар Теҳрон ба нақша гирифта шудааст ва тақвияти ҳамкории Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, Протоколи чаласаи 16-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ 28 декабри соли 2023 ба имзо расонида мешавад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






