Дар Душанбе ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ доир гардид

Декабрь 19, 2023 10:06

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар 10 моҳи соли 2023 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 104,7 млрд сомонӣ ва рушди воқеии он 8,3 фоизро ташкил намуд.

Дар доираи ҷаласа мавзуи муҳим- ‹‹Пешгирии болоравии беасоси нархҳои молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ» баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ давоми соли 2023 якчанд тадбирҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии беасоси нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ андешида шудаанд. Бахусус ҷаласаҳо бо роҳбарият ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ», Ассотсиатсияи «Воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ», воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти гандум, орд, равған, шакар ва маҳсулоти нафтӣ баргузор гардида, бо мақсади муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ тавсияҳои дахлдор дода шуданд.

Ҳамзамон изҳор гардид, ки бо мақсади танзими бозори маҳсулоти мавриди ниёзи аввал фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 28 сентябри соли 2023 «Дар бораи муқаррар намудани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ ба номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд» тасдиқ гардида, дар доираи он сатҳи ниҳоии даромаднокӣ дар корхонаҳои коркарди гандум, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсол ва фурӯши орд вобаста аст, то 10 фоиз муқаррар шудааст.

Дар ҷаласа аз рӯйи натиҷаи баррасии масъала қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли гузориши муфассал ирсол мешаванд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 19, 2023 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид