Дар Душанбе ҷаласаи васеи Шурои занони Агентии хизмати давлатӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҷаласаи васеи Шурои занони Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, занон-хизматчиёни давлатии вазорату идораҳо — ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи васеи Шурои занон, дар аввал гузориши таҳлилӣ аз натиҷаи фаъолияти он дар соли 2023 ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Шуро дар соли 2023 пешниҳод гардид.
Ҳазамон аз рӯи масъалаи дуюм лоиҳаи нақшаи Шурои занони Агентии хизмати давлатӣ рӯнамоӣ шуд.
Дар ҷаласаи Шуро иброз гардид, ки баланд бардоштани донишу малака ва касбияти занону духтарон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи хизмати давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби онҳо яке аз афзалияти Ҳукумати мамлакат буда, дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд.
Агентии хизмати давлатӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои санадҳои соҳавӣ ҳамкории судмандро амалӣ менамояд.
Дар ҷаласаи Шуро таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби занон дар тамоми соҳаҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ҳамзамон дастгирии ташаббуси занон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.
Дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият доштани занону духтарон нишони эътимоду боварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруву дониш, малакаи зеҳнӣ ва мавқеи арзандаи занон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар ҷамъбасти ҷаласаи васеи Шурои занони Агентии хизмати давлатӣ фаъолияти Шуро қаноатбахш арзёбӣ шуда, нақшаи чорабиниҳо барои соли 2024 тасдиқ гардид.
АКС: Агентии хизмати давлатӣ








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






