Дар Суғд ғолибони озмунҳои вилоятӣ қадршиносӣ гардиданд

Декабрь 20, 2023 11:26

ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои вилоятии «Донишҷӯи сол-2023», «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2023» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Изҳор гардид, ки илму дониш чароғи равшани роҳи башарият мебошанд, ки инсониятро ҳамеша ба роҳи рост ва саодати зиндагӣ раҳнамун месозанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол таваҷҷуҳ ба соҳаи илм, рушди фарҳангу маънавиёт, дастгирии ҳаматарафаи ҷавонон бештар гардида, шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳамияти беш аз пеш пайдо намуда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат таъсири амиқ мерасонад. Аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани озмунҳои «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба рушд ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ​ соли равон озмуни вилоятии «Донишҷӯи​ сол – 2023» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд доир ва бо пешниҳоди комиссия ғолибон муайян гардиданд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи равияи фанҳои дақиқ байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ донишҷӯи курси 2-юми факултети биохимияи тиббии Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Зокирова , донишҷӯи курси 3-юми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Собитҷон Эркаев, донишҷӯи курси 3-юми факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шуҳратулло Фатҳуллоев ғолиб шуданд.

Аз рӯи равияи фанҳои гуманитарӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ донишҷӯи курси 4-уми факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нигора Фахриева, донишҷӯи курси 2-юми факултети иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Омина Ҳидоятова, донишҷӯи курси 2-юми факултети молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии берунаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Меҳрангез Муъминзода пирӯз гардиданд.

Дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ – донишҷўи курси 2 факултети кори момодоягии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Лолаҷон Алиҷонова, донишҷӯи курси 3 факултети забони англисии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд Махдуна Атохонова ва донишҷӯи курси 2 факултети кори момодоягии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Фарзонахон Сангинова беҳтарин дониста шуданд.

Дар озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2023» Китобхона-филиали №21-и деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен соҳиби ҷойи сеюм ва 8000 сомонӣ, Китобхона — филиали №22 деҳаи Хоҷаи Аълои деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара соҳиби ҷойи дуюм ва 10 000 сомонӣ ва Китобхона — филиали №12-уми деҳаи Артучи деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи якум ва 12 000 сомонӣ гардиданд.

Шоҳҷоизаи озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2023» ва 15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ ба Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ дода шуд.

Ба ғолибони озмунҳо мукофотҳои пулӣ ва дипломҳо супорида шуданд.

Ҳамзамон ба 20 ғолиби озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» диплому мукофотҳо тақдим гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 20, 2023 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва дӯстӣ» ҳамоиш баргузор гардид
1 январ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд
Дар ноҳияи Шоҳмансур 34 омӯзгор ва 697 хонандаи фаъол қадрдонӣ гардиданд
Таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» конференсия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон омӯзиши забони ҳиндӣ баррасӣ гардид