ДАРАХТ БИНШОН! Дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар шаҳри Ҳисор сӯзанбаргҳои ҳамешасабз шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар шаҳри Ҳисор, ки сохтмонаш анҷом ёфтааст, бо иштироки роҳбарияти шаҳр ва кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади сарсабзу хуррамгардонӣ майдонҳои назди Парчам ва Нишони давлатӣ майсазор гардида, ниҳоли сӯзанбаргҳои ороишии намуди «можжевелник», ки хеле зебову ҳамешасабз мебошанд, шинонида шуд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бо мақсади вусъати корҳои ободонӣ дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода» 23 декабр дар ҳудуди шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида мешавад.
Дар доираи ин ҳашар дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар баробари корҳои ободонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ низ гузаронида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






