Доир ба таъмини меҳнати шоиста дар соҳаи таълими касбӣ ва таълими босифат машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар доираи лоиҳаи муштараки Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои кормандони иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар мавзуи «Таъмини меҳнати шоиста дар соҳаи таълими касбӣ ва таълими босифат. Татбиқи самаранокии Тавсияи ТБМ №208» машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Машварати омӯзишӣ то 14 декабр идома ёфта, дар раванди он Стратегияи иттифоқҳои касаба барои татбиқи самараноки Тавсияи 208-и Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, механизмҳои муколамаи иҷтимоӣ дар сатҳи миллӣ ва соҳавӣ барои пешбурди таълими босифат мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар фарҷоми машварат иштирокчиён дар кори гурӯҳӣ оид ба масъалаҳои гуфташуда байни ҳам табодули афкор менамоянд.
АКС: Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






