Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Декабрь 13, 2023 13:47

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа хабар медиҳад.

Ин ҳуҷҷат ҳамкории фарохи дуҷонибаро дар заминаи технологияи рақамӣ, телекоммуникатсия, алоқа ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаро гирифта, ба рушди шабакаҳо ва системаи алоқаи барқӣ, махсусан шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва шабакаҳои собити фарохмаҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати фаъол менамояд.

Ҳамзамон дар шароити рушди зудҳангоми технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ имкон медиҳад, ки операторони мобилӣ ба таҷҳизоти навтарини соҳаи алоқа дастрасии фаврӣ дошта бошанд.

Дар доираи муқаррароти ин Ёддошт ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони  «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» дар таҳияи лоиҳаи ягона оид ба навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTE/ 5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ шудааст. Мубодила ва сафарҳои муштараки таҳқиқотӣ барои омӯзиши объектҳо аз ҷумлаи муқаррароти дигари ин санад ба ҳисоб меравад.

Ёддошти ҳамкорӣ фаъолияти гуногунҷанба  байни операторони мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Технологияи Хуавей Тоҷикистон»-ро таҳким бахшида, мақсади асосии он амалӣ намудани Нақшаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба навсозӣ ва рушди шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар давраи солҳои 2024-2028  мебошад.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2023 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд