«МУҲИТИ ТАЪЛИМ-АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ». Дар Душанбе ин лоиҳа муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Муҳити таълим-асоси таҳсилоти босифат» муаррифӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Лоиҳа дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ барои давраи солҳои 2023-2029 пешбинӣ шуда, аз се қисм иборат аст.
Лоиҳаи «Муҳити таълим — асоси таҳсилоти босифат» аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм татбиқ мешавад.
Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар намудани муҳити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, баланд бардоштани самаранокии таълим, татбиқи раванди босалоҳият дар таълиму тарбия, беҳтар намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳо, шароити санитарии онҳо ва тақвият бахшидани неруи зеҳнии хонандагон мебошад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






