НАШРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР АФҒОНИСТОН. Андешаҳои профессор Равшан Раҳмонӣ дар ин маврид

Декабрь 8, 2023 09:03

ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли равон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик» оид ба шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров иброз доштанд, ки  «ҳоло «Тоҷикон» ба забонҳои англисӣ, ҷопонӣ, полякӣ, чинӣ, арабӣ ва фаронсавӣ тарҷума, нашр ва тавассути расонаҳои интернетӣ ба ихтиёри хонандагон ва дӯстдорони таърихи бостонии халқи тоҷик гузошта шудааст.

Китоби «Тоҷикон» барои ҳавзаи фарҳангии забони тоҷикӣ – форсӣ, пеш аз ҳама, Афғонистон ва Эрон низ бо хати ниёгон ба табъ расид.

Олими дақиқкор бо ин асари худ таърихи миллатеро, ки дар илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни башарӣ нақши барҷаста бозидааст, аз нав зинда гардонид».

Оре, ҳар касе, ки решаҳои пешинаи забону миллати худро бидонаду бишносаду онро дӯст дорад, ба забону миллатҳои дигар низ эҳтиром мегузорад. Аз ин рӯ донистани гузаштаи худ ва омӯзиши таърихи он зарур буда, ба таври мантиқӣ шинохтани забон, миллат, фарҳанги чандҳазорсолаи ниёгонамон ва омӯзиши таърихи он муҳим мебошад. Барои амалӣ намудани ин мақсад яке аз сарчашмаҳои беҳтарин- китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аст. Чунин нигоштааст дар мақолаи хеш профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

— Чӣ шуд, ки ман ба ин асари илмӣ меҳр бастам ва баъдҳо ҳамин  дилбастагӣ  боиси пайвастагии ҳамешагии ман ба забон, адабиёт, фарҳанг, таърих ва ҷузъиёти бештари фарҳанги суннатию гуфтории мардуми хеш гардид?

Соли 1972 дар курси аввали Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил менамудам. Ба мо аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» устод Саттор Мухторов (1939-2019, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дарс мегуфтанд. Он кас оҳиста-оҳиста, роҳгардон, аз ҳофизаи худ мавзуъро баён менамуданд ва мо – донишҷӯён онро дар дафтар сабт менамудем.

Гоҳе мисли афсонаю ҳикояҳои ширину рангини мӯйсафедон дар бораи ёфтаҳои бостоншиносон аз одамони неандарталӣ, қадимтарин тасвирҳои рӯи санг ва ғорҳои Бадахшон, осори кулолӣ, қабилаҳои ориёӣ, роҳҳои кӯчидани ориёиҳо, хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ, Пешдодиён, Каёниён, Авесто, Куруш, Доро, Искандар, Сосониён, Сомониён ва ғайра нақл мекарданд. Мегуфтанд, ки ин воқеаҳо ва ҳодисаҳои таърихӣ ба ниёгони мо, тоҷикон пайвастагӣ дошта, дар ин хусус донишманди тоҷик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (1947) дар асоси санадҳои бостоншиносӣ ва таърихӣ навиштааст.

Устод Саттор Мухторов чунон мефаҳмонданд, ки меҳри шунаванда ба таърихи миллат, забон, фарҳанг зиёд мешуд. Баъди чанд ҳафтаи дарс гуфтанд, ки «дар рӯбарӯи чойхонаи «Роҳат» дӯкони китобфурӯшии «Академкнига» аст, дар он ҷо фақат китобҳои илмӣ ба забони русӣ ва тоҷикӣ фурӯхта мешаванд. Ба наздикӣ китоби Бобоҷон Ғафуров «Таджики» (1972) дар Москва ба забони русӣ чоп шуд. Онро дар ҳамин дӯкон мефурӯшанд. Агар касе русиро медонад ва оянда барои миллати худ хизмат намудан хоҳад, рафта харад».


Аз нақлҳои устод ман хаёлан дар ҷаҳони гузаштаи таърихи миллати худ, ниёгони тоҷикон сайр менамудам. Худи ҳамон рӯз зуд ба ҳамон дӯкони китобфурӯшӣ рафта, китоби Бобоҷон Ғафуров «Таджики»-ро харидам. Китоб зебо, ҳаҷман калон, бо коғази сифати аъло, дорои тасвирҳои хушнамои бостоншиносӣ, санадҳои таърихӣ, меъморӣ, адабӣ, беш аз 650 саҳифа буд. Ба хона омада, то субҳ варақ задам. Аз рӯи тасвирҳою унвонҳо дар бораи таърихи мардуми тоҷик тасаввурот пайдо намудаму ба омӯхтани таърихи гузаштаи миллати хеш ҳавасам бештар шуд. Баъд аз он дилбастаи омӯхтани таъриху фарҳанги ниёгони худ гаштам.

Солҳо гузаштанд. Ин китобро ҳамеша мехондам. Моҳи марти соли 1981 маро аз ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Донишгоҳи Кобул барои тарҷумонӣ фиристоданд. Баъди чанд ҳафта бо директори китобхонаи Донишгоҳи Кобул профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ шинос шудам, ки таърихшинос буд. Бо ҳавас дар бораи таърихи гузаштаи тоҷикон ва форсизабонон гап мезад. Ӯ кунҷкову ҷӯянда буд. Аз китобҳои дар Тоҷикистон чопшуда мепурсид. Моҳи майи соли 1981 дар як нишасте, дар омади гап, аз китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ёдовар шудам ва дар Москва ба забони русӣ чоп шудани онро гуфтам, дар айни замон дар бораи китоб ба таври мухтасар маълумот додам.

Ба ҳаяҷон омад, ки чӣ гуна ин китобро пайдо намояд. Гуфтам, ки ин китоб соли 1972 бо номи «Таджики» дар Москва ба забони русӣ чоп шудааст. Номи Ғафуровро шунида буд ва медонист, ки сиёсатмадору таърихнигор аст. Вале аз чопи китоб ба забони русӣ бехабар буд. Баъди ишораи ман ӯ такрор ба такрор дар ҳар ҷо мегуфт, ки ин китобро пайдо созед ва бояд зудтар тарҷума шавад.

Пас аз рухсатии тобистонаи соли 1981, ки моҳи июл ва август буд, китоби «Таджики»-ро бо худ ба Кобул бурдам. Аз дидани китоб профессор Сиддиқӣ хушҳол шуд. Варақ мезаду ба тасвирҳо бо диққат менигарист.

Бо хоҳиши ӯ ман саҳифа ба саҳифа китобро хонда, мазмуни хондаҳоямро нақл менамудам. Вай сабт менамуд ва мегуфт, ки барояш ҳар рӯз кам-кам тарҷума намоям, то аз муҳтавои китоб огоҳ шавад. Бо вуҷуди корҳои зиёд ҳар ҳафта барояш чанд саҳифа тарҷума намуда, мехондам, вай зуд-зуд менавишт, то ки бо китоб ошно гардад. Мақсади ман тарҷумаи пурраи китоб набуд, балки фақат хоҳиши профессори дӯстдори таърихро қонеъ сохтан буду халос. Давоми ду сол ман барояш ҳамагӣ 62 саҳифаи китобро мазмунан тарҷума намудам.

Охири соли 1983, рӯзе устод Кароматулло Олимов ҳамроҳи Қурбон Бобоев дар ошёнаи аввали бинои истиқоматии мо, дар хонаи умумӣ, ки «гӯшаи сурх» ном дошт, теннисбозӣ менамуданд, ки ман вориди он ҷо гаштам. Чанд лаҳза бозӣ қатъ шуд. Банда дар рафти суҳбат ёдовар шудам, ки таърихшинос устод Сиддиқӣ мехоҳад китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз русӣ ба дарӣ тарҷума шавад. Зимни суҳбат ишора намудам, ки барои Сиддиқӣ гоҳе мазмуни китобро кам-кам аз русӣ тарҷума менамоям, то бо он шинос шавад. Кароматулло Олимов ишора намуданд, ки «худатонро заҳмат надиҳед, чанд рӯз пеш бо устод Муҳаммад Осимӣ телефонӣ суҳбат менамудам, ки устод зимни суҳбат бароям ёдрас шуданд, ки китоби «Тоҷикон» ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд, ҳоло дар чопхона аст. Он кас ба наздикӣ меоянд, ман занг мезанаму хоҳиш мекунам, ки як нусха биёранд. Агар шумо аз рӯи нусхаи тоҷикӣ баргардон намоед, кор зуд анҷом меёбад».

Аз сабаби он ки устод Қурбон Бобоев таърихшинос аст, ман гуфтам, ки ин корро эшон ҳамроҳи профессор Сиддиқӣ анҷом диҳанд. Вале Қурбон Бобоев гуфт, ки «ман сахт машғули баргардони як китоби худ ҳастам, ба назарам то муҳлати ба ватан баргаштан шояд ҳамин кори худро анҷом дода натавонам. Равшан, ки ҳоло ҳаст, худаш машғул шавад». То расидани китоб ҳамроҳи устод И.Усмонов, ки бештар ҳама корро бо он кас маслиҳат менамудам, машварат намудем, ки чӣ бояд намуд. Натиҷагирӣ чунин шуд, ки ман бо устод Сиддиқӣ машғули баргардон шавам. Китоби «Тоҷикон», ки соли 1983 чоп шудааст, аз тариқи устод Муҳаммад Осимӣ ба Кароматулло Олимов ва аз он кас ба мо расид.

Ба муддати шаш моҳ баъди кори аслӣ, гоҳе тамоми шаб кор мекардем. Ман ба устод Сиддиқӣ дикта менамудам, ягон калима, ибора ё ҷумла барои эшон нофаҳмо бошад, шарҳ медодам, ҳамроҳ баъзеро аз фарҳангҳо медидем. Сиддиқӣ ҷумлаҳоро ба сабки меъёрии забони расмии дарии Афғонистон наздик месохт. Дар айни замон муҳтавои китоб комилан нигоҳ дошта мешуд. Баъзе шабҳо дар хонаи ман то субҳ кор менамудем. Гоҳе барқ хомӯш мешуд, мо бо чароғ кор менамудем.

Дар бораи корҳои устодони тоҷикистонӣ дар Донишгоҳи Кобул ва баргардони китоби «Тоҷикон» ва шахсияти Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ дар як мақолаи худ чунин навиштааст: «Баъд аз баргардондан ва чопи мақолоти таърихии «Дорут-ул-маорифи тоҷик» дар бораи Афғонистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқони ростин ва вафодор ба идеология ва методологияи пешрави асри мо қарор гирифт. Ва қарор шуд, ки ин китоби арзанда ҳам баргардон гардад ва барои чоп омода сохта шавад.

Мудири кафедраи таърихи умумии факултети улуми иҷтимоӣ, ки дар яке аз конгрессҳои ҷаҳонӣ дар Деҳлии Нав бо марҳум Бобоҷон Ғафуров ҳамсуҳбат шуда буд, ба дониши ҳайратангези таърихии вай шефта шуда, таъкид намуд, ки ин кор амалӣ шавад. Ҳамин буд, ки дар маҷлиси устодони кафедраи таърихи умумӣ тасдиқ шуд, ки нависандаи ин мақола вазифаи муҳим ва арзандаи илмиро ба уҳда гирифта, анҷом диҳад.

Ин кори бузурги илмӣ ва таърихӣ, ки барои муҳаққиқони ростин ва пешрави Афғонистон ба унвони роҳнамои методӣ ҳисоб мешудааст, баъд аз машварат бо сармушовирияти муҳтарами Донишгоҳи Кобул ва маъқул донистани раиси ин донишгоҳ ба кумак ва ҳамкории Равшан Раҳмон, ки устоди ҳамкор буд, дар амал сари даст гирифта шуд.

Ман аз соати 3-и рӯз то соати 11-и шаб дар хонаи Равшан Раҳмон кор менамудам. Ва баъд аз ҳар фасл китоби «Тоҷикон», ки ба итмом мерасид, ним соат истироҳат менамудем ва бақия боз корамонро ба шиддат анҷом медодем. Ҳатто баъзе шабҳо, ки рӯшании барқ қатъ мегашт, бо чароғи карасин боз ба кори худ идома медодем.Дар зарфи ду моҳ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ду бахш ба чоп супурда шуд» (Сиддиқӣ Ҷ., Адабиёт ва санъат, 1986, 29 май).

Китоб дар асл дар шаш моҳ (аз ноябри соли 1983 то апрели соли 1984) баргардон шуд, на ду моҳ. Маъмулан баъди гузашти замон агар касе дар бораи ин ё он воқеае, ҳодисае, амале мақолае нависад, табиӣ аст, ки агар муаллифи мақола дар дафтаре ёддошти дақиқе надошта бошад, ҳамаи санадҳо дақиқан дар ёд намеистанд. Хушбахтона, мо дар рӯзномаи худ баъзе лаҳзаҳои дар Афғонистон буданамонро дақиқан сабт намудаем. Аз ҷумла, дар бораи баргардони китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров низ ёддоштҳое дорем, ки дар ин хусус дар оянда муфассалтар хоҳем навишт.

Мухтасар кор чунин доир мешуд: мо баргардон менамудем. Пешопеш саҳифаҳои дар шакли истенсал (ротопринт) ҳуруфчинишударо ғалатгирӣ намуда, ба матбааи донишгоҳ месупоридем. Сипас дар китобхонаи донишгоҳ дар рӯи мизҳои зиёд саҳифаҳои чопшударо бо тартиб, пай дар пай гузошта, бо ёрии донишҷӯён саҳифачинӣ менамудем. Донишҷӯён ба саҳифачинии китоб, ки дар китобхона амалӣ мешуд, ёрӣ медоданд.

Китоб ба чоп омода шуд. Вале ман мехостам, ки дар ҷилди китоб ҳамон тасвири дар рӯи ҷилди тоҷикӣ буда оварда шавад. Аз ин рӯ, ба матбааи давлатии Афғонистон рафта, клишаи тасвири рӯи ҷилдро аз маблағи шахсии худ созонда, ба матбааи Донишгоҳи Кобул супоридам.

Барои рух надодани кадом нофаҳмие ҳамроҳи устод И.Усмонов маслиҳат намудем, ки дар китоб аз ҷониби шахси масъуле пешгуфтори мухтасаре бошад. Усмонов аз номи декани факултети улуми иҷтимоӣ Иноятулло Рашид, бо иқтибос аз Бабрак Кормал пешгуфторе навиштанд. Онро дар аввали китоб ҷо намудем.

Китоб чоп шуд. Вале чопи китоб ба баъзеҳо писанд наомад. Гуфтанд, ки тоҷикҳо миллатгароӣ намуда, китоб чоп намудаанд. Моҷаро сар шуд. Маро хостанд дар 24 соат аз Афғонистон хориҷ намоянд. Баъди пурсишу посух фаҳмиданд, ки мо китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро баргардон намудаем. Пурсандаҳои сафорат ҳамчун донишманди таърихнигор ва сиёсатмадор Бобоҷон Ғафуровро хуб мешинохтанд. Дигар ман аз хориҷ шудан эмин ёфтам ва боз як соли дигар дар Донишгоҳи Кобул кор намудам.

Чанд соли дигар гузашт ва пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон (9 сентябри 1991) ва бахусус баъди ба сари қудрат омадани  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллӣ сол то сол бештар гардид.

Ин дафъа хостам, ки китоб дар Эрон чоп шавад. Соли 1994 доктор Шеърдӯст, ки он солҳо раиси интишороти «Суруш» буд, ҳамчун узви Анҷумани тоҷикон ва форсизабони ҷаҳон – «Пайванд» ба Душанбе омад. Дар дафтари Анҷумани «Пайванд» устод Муҳаммад Осимӣ, Шеърдӯст, боз чанд нафари дигар ва ман аз китоби «Тоҷикон» ёд намудем. Сухан дар бораи баргардони китоби «Тоҷикон» дар Афғонистон пайваст. Баъди суҳбат доктор Шеърдӯст хоҳиш намуд, ки як нусха аз ин китобро барояш диҳам. Ман ду нусха доштам. Яке дар хонаам дар Душанбе ва дигаре дар хонаи падарӣ дар Бойсун буд. Нусхаи дар Душанбе бударо ба Шеърдӯст тақдим намудам. Соли 1996 доктор Шеърдӯст ба ҳамоиши навбатии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» ба Душанбе омад. Ба ман гуфт, ки идомаи китобро баргардон намоед, мо китобро дар Эрон чоп менамоем. Барояш гуфтам, ки ба назари ман китоб дубора, пурра, айнан, бе ислоҳ баргардон ва бе каму кост ба забони адабии тоҷикӣ, ба хатти форсӣ чоп шавад, беҳтар аст.

Соли 1997 воқеаи дигар рух дод. Аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман занг заданд, ки ба онҷо ба назди Ниёз Сафаров биёям. Он сол устод Ниёз Сафаров (1931-2012) мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, фарҳанг ва масоили иҷтимоӣ буданд. Маро диданду гуфтанд, ки «э ин бачаи худамон будаст-ку». Аз суҳбат маълум шуд, ки онҳо кадом Равшанеро меҷустаанд, ки дар нашри китоби «Тоҷикон» дар Афғонистон саҳм доштааст. Баъди мулоқот бароям гуфтанд, ки як нусха аз ҳамон китоб зарур аст. Барояшон посух додам, ки ҳамагӣ як нусха дорам, ки он ҳам дар Бойсун аст. Мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода, марди фозил ва донишманд, гуфт, ки зудтар дар ҳамин 2-3 рӯз китобро овардан лозим аст.

Барои овардани китоби «Тоҷикон» ба Бойсун равон шудам. Дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон раводид ҷорӣ шудагӣ, вале барои ноҳияҳои ҳаммарз иҷозат медоданд. Илоҷе намуда, аз сарҳад гузашта, ба Бойсун расидам. Китобро гирифта, зуд баргаштам, вале дар сарҳад ҷузвадонамро кофтанду китоби бо алифбои форсӣ бударо нагузоштанд, ки бо худ аз марз гузаронам. Мефаҳмонам, намефаҳманд. Касе аз сардҳадчиён хати форсӣ хонда наметавонист. Пас аз як соат касеро пайдо намуданд, ки номи китобро хонд «Тоҷикон». Ҷавони хушмуомила буд, вале дар бораи ин китоб тасаввур надошт. Гуфт, ки барои аз як мамлакат ба мамлакати дигар гузаронидани ин гуна китоб, ки ба хатти арабӣ аст, иҷозат зарур  аст. Фаҳмондам, ки ин китоби илмӣ аст, ба русӣ ва тоҷикӣ боз чанд забони дигар чоп шудааст, не нашуд. Гуфтанд аз Вазорати фарҳанги Узбекистон, аз Тошкант иҷозат лозим аст. Ҳайрон мондам. Дидам, ки намешавад, ночор гуфтам, ки меравам Тошканд, иҷозат мегирам.

Китобро гирифта, 400-500 метр ба қафо баргаштам.

Китобро оварда, ба сиёсатмадори донишпарвар Саидмурод Фаттоҳзода супоридам. Ӯ гуфт, ки бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоб дар Эрон чоп хоҳад шуд. Пас аз муддате маро муовини Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Олимҷон Салимзода ба наздаш даъват намуд ва гуфт, ки мо мехоҳем зери назари шумо як гурӯҳи 5-6-нафарӣ созем, то китоб дубора, зуд ва айнан, бо ҳамин сабки тоҷикӣ баргардон шавад. Барояшон фаҳмондам, ки мушкиле дорам, ҳамсарам бемор аст, ман вазифаи худро дар Афғонистон анҷом додам, хуб мешуд, ки кормандони нашриёти «Ирфон», ки дар замони то соҳибистиқлолӣ низ ба хатти форсӣ китобҳоро таҳрир ва чоп менамуданд, ба ин кор машғул шаванд. Ин гуфтаи ман ба Салимзода писанд омад. Китоб дар зудтарин фурсат бо пешгуфтори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зери назари Ҷ. Шарифов баргардон ва ба чоп омода шуд ва бо тамғаи нашриёти «Ирфон» дар Эрон, зери назари доктор Шеърдӯст, бо литографӣ, саҳҳофии «Созмони чоп ва интишороти Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ» чоп шуд. Пешгуфтори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин оғоз мешавад: «Сарчашмаи худшиносии миллӣ. Агар фарди ҷомеа таърихи аҷдоди худро надонад, инсони комил нахоҳад буд».

Пас аз солҳо, соли 2019 китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро, ки соли 1984 аз хатти тоҷикӣ ба хатти форсӣ баргардонида будем, ҷавонмарде бо номи Ҳабиб Ҳамидзода аз тариқи интишороти «Амирӣ» бо сифати баланд ба нашр расонида, дар ёддошти худ, зери унвони «Сипосгузорӣ» чунин нигоштааст: «Бобоҷон Ғафуров (1909-1977) таърихнигори бузурги давлати дӯст – Тоҷикистон аст. Китоби арзишманди ӯ «Тоҷикон» соли 1363 бо заҳмати фаровони Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва Равшан Раҳмон, аз хати сирилик ба порсӣ дар Кобул баргардон шуд. Аммо ин аввалин баргардони порсии китоби «Тоҷикон» набуд. Ин китоб дар Тоҷикистон ва Эрон низ баргардон шудааст. Мутаассифона, баргардонҳои пеш аз Ҷалолиддин Сиддиқӣ ҳеҷ вақт ба таври густурда дар бозори китоб пахш ва тавзеҳ нашуданд. Баргардони Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва Равшан Раҳмон ҳам аз китоби «Тоҷикон» зиёд густурда набудааст. Ин тарҷума низ дар Кобул андак буда ва дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як аз нусхаҳои тарҷумашуда аз китоби «Тоҷикон» дар китобфурӯшиҳои Кобул ёфт намешавад.  Афзун бар ин, нусхаи баргардони Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва Равшан Раҳмон, ки тавассути депортменти улуми иҷтимоии Донишгоҳи Кобул чоп шуда аст, бисёр тира ва заиф аст. Баъзе аз қисматҳои китобро ба мушкил метавон хонд ва донист. Ба ин манзур китоби «Тоҷикон» (баргардони Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва Равшан Раҳмон)-ро дубора ҳуруфчинӣ ва вироиш намудем, ки инак барои нахустин бор тавассути интишороти муҳтарами «Амирӣ» дар Кобул чоп мешавад. Ин чоп аз рӯи нахустин нусхаи тарҷумаи Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва Равшан Раҳмон ҳуруфчинӣ шудааст. Баъд аз тойп ва муқоиса намудани матни тойпшуда бо нусхаи китоб, бо нусхаи дуввумӣ аз ҳамон чоп низ муқоиса шудааст. Баъзе исмҳо ва калимоте, ки саҳеҳ буданашон дар нусхаи чопи Кобул машкук ба назар мерасид, бо нусхаи чопи Тоҷикистон муқоиса шудааст. Дар кори ҷадид рӯйи китоби «Тоҷикон» ҳеч тағйире дар муҳтавои китоб, сабки навишт, тарҷума ва гунаи манбаърасонӣ оварда нашуда. Фақат иштибоҳоти имлоӣ ва иншоӣ тасҳеҳ шуданд ва ҷоҳое, ки тағйирот овардем ё изофа шуда, миёни қуллоб [] оварда шуданд. Тарҷумаи Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва Равшан Раҳмон аз китоби «Тоҷикон» бидуни феҳрасти алоим буд. Феҳрасти алоим дар чопи ҷадид афзуда шудааст» (с. 5).

Ин буд, ки меҳри манро нисбат ба омӯзишу пажуҳиши фарҳанги гуфторию суннати забону фарҳанги миллатам китоби «Тоҷикон» бештару нерумандтар намуда буд. Ба ин пайвастагӣ камина ҳар замон ба омӯхтани сарчашмаҳои таърихӣ, бостоншиносӣ, фарҳанги ниёгони хеш ба ин китоби камназир муроҷиат менамоям.

Равшан РАҲМОНӢ,
профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2023 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ КОРШИНОС. Рушди ҳунармандӣ ба беҳтар шудани имконияти иҷтимоию иқтисодии оилаҳо мусоидат менамояд
ТАШАББУСИ ГЛОБАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Давлати мо пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Нӯшидани чойи кабуд барои бемории дилу рагҳо, санги гурда, саратон ва қанд манфиат дорад
ДОРУ АЗ МЕВАИ ДӮЛОНА. Онро устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемории дилу рагҳо тайёр кардаанд
Мулоқоти гурӯҳҳои топографӣ ва кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
НАЗАРИ КОРШИНОС. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба зиёд гардидани соҳибкории хурд ва баланд шудани некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯ давои бемориҳои онкологӣ, фишорбаландӣ, рӯдаю меъда ва асаб мебошад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо вазъи як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт шинос гардиданд
ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон то 4 март хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад
«TASHKENT GRAND SLAM 2024». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо бо 1 медали тилло дар ҷойи сеюм қарор дорад
«TASHKENT GRAND SLAM». Варзишгари Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ба даст овард
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад