ПАРКҲОИ ТЕХНОЛОГӢ. Чаро онҳо мутобиқ ба талаботи замон фаъолият надоранд?

Декабрь 3, 2023 09:59

ДУШАНБЕ, 03.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумот, ҳоло дар назди донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат тақрибан 23–24 Парки технологӣ амал менамоянд. Аммо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла кам будани мутахассисон, сатҳи нокифояи маблағгузорӣ, худмаблағгузор будани онҳо, кӯҳнаву фарсуда гардидани техникаю таҷҳизот, набудани талабот, бахусус фармоишгар ба маҳсулоти истеҳсолгардида паркҳои илмӣ–техникӣ–таҷрибавӣ дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи замон фаъолият надоранд. Чунин баёни андеша намудааст сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегӣ Амин Одинаев бобати дар сатҳи зарурӣ фаъолият надоштани  паркҳои илмӣ–инноватсионӣ–истеҳсолӣ–техникӣ–таҷрибавие, ки дар назди муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ  қарор доранд.

Дар зер матни пурраи мақолаи таҳлилгарро пешниҳоди хонандагон мегардонем:

— Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад. Дар  ин замина саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ аҳамияти муҳим дорад. Расидан ба ин ҳадаф дар баробари дигар масъалаҳо зарурати истифодаи васеи хатҳои нави технологӣ, инчунин робитаи зичи дастовардҳои илму техника ва пеш аз ҳама, инноватсия дар истеҳсолотро ба миён мегузорад.

Бинобар ин, ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешрафти фаъолияти самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ, рақобатпазирии истеҳсолот, баланд бардошти иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, бахусус дар заминаи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти инноватсионии ба содирот нигаронида тавассути хатҳои нави технологӣ, коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ҳадди ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда ва таъсиси ҷойҳои нави кории устувор мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ фароҳам овардааст. Дар ин маврид Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» ва «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020»-ро метавон ном бурд.

Ҳоло бо ин мақсад дар мамлакат якчанд барномаву стратегияҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030» мавриди татбиқ қарор доранд. Илова бар ин, Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази инноватсионии соҳаи биология ва тиб, Маркази инноватсионии тиҷоратӣ РЕАК дар заминаи маблағгузории Барномаи тиҷорат ва инноватсияи Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британияи Кабир (FCDO), «Фонди рушди инноватсия ва саноат», КВД «Саноатсодиротбонк» ва МД «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» фаъолият менамоянд, ки ин, бешубҳа, далели возеҳи мавҷуд будани замина ё инфрасохтори дарстгирии давлатии соҳибкории инноватсионӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар айни замон дар қонунгузории амалкунандаи мамлакат ҷиҳати таъмини рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ, эҷодкорӣ ва ворид намудани хатҳои нави технологӣ-инноватсионӣ як силсила имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса намудан мумкин аст:

  1. Низоми содакардаи андозбандӣ барои фаъолияти инноватсионию технологӣ. Дар доираи ин низом субъектҳое, ки ба фаъолияти инноватсионию технологӣ машғул мебошанд, ба истиснои пардохти андози иҷтимоӣ аз пардохти ҳама гуна андозҳо, озод мебошанд. Инчунин воридоти таҷҳизоти инноватсионию технологӣ, ки бевосита барои эҳтиёҷоти худи чунин субъектҳо истифода мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда низ озод мешавад;
  2. Аз пардохти ААИ (андоз аз арзиши иловашуда) озод будани воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо, ки маҷмуи ягонаи технологиро ташкил медиҳанд;
  3. Ба муҳлати то 12 сол аз пардохти ААИ, боҷи гумрукӣ,  низоми содакардаи андозбандӣ ва пардохти андози молу мулки ғайриманқул озод будани корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд;
  4. Корхонаҳои навтаъсис, ки ба коркарди саноатии пӯст, пашм, абрешими хом ва дигар ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ ба маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд, ба муҳлати то 5 сол аз пардохти андози гуфташуда озод мебошанд;
  5. Агар ҳаҷми сармоягузориҳо дар корхонаҳои нави молистеҳсолкунанда ба чунин меъёрҳо баробар бошад, ба муҳлатҳои зерин аз пардохти аз андоз аз фоида озод ҳастанд:

— аз 200 ҳазор то 500 ҳазор доллари ИМА- ба муҳлати 2 сол;

— аз 500 ҳазор то 2 миллион доллари ИМА- ба муҳлати 3 сол;

— аз 2 то 5 миллион доллари ИМА- ба муҳлати 4 сол;

— зиёда аз 5 миллион доллари ИМА- ба муҳлати 5 сол.

Ҳарчанд ки дар ҷодаи фаъолияти инноватсионӣ мунтазам тамоюлҳои мусбат ба назар мерасанд, вале сифати рушди он, аз ҷумла тавассути ҷалби ҳарчи бештари бахши хусусӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ бо назардошти имконияти мавҷуда ҳанӯз қонеъкунанда набуда, дар ин самт ҳоло ҳам мушкилоту масъала ва монеаҳои ҳалталаб ҷой доранд, ки муҳимтарини онҳоро дар маҷмуъ чунин хулоса намудан мумкин аст:

— Дар сатҳи зарурӣ фаъолият накардани паркҳои илмӣ–инноватсионӣ–истеҳсолӣ–техникӣ–таҷрибавии дар назди муассисаҳои илмию тадқиқотӣ қарордошта. Вобаста ба ин масъала мехоҳам як нуқтаро ишора намоям, ки таъсис ва рушду инкишофи чунин паркҳои технологӣ дар ояндаи наздик, аз ҷумла дар самти ҳалли чунин масъалаҳои стратегӣ, аз қабили таъсиси ҷойҳои нави кории устувор; ташаккул ва рушди низоми миллии тиҷорати рақамӣ; дастгирӣ ва роҳнамоии лоиҳаҳо/моделҳои тиҷоратии нав (Startup), афзоиши ҳиссаи технологияҳои инноватсионӣ дар ММД ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири дорои арзиши баланди иловашуда ва илмталаб, ҷалби сармоя метавонад заминаҳои мусоид фароҳам оварад. Масалан, агар ба таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт назар намоем, мебинем, ки чунин паркҳо асосан дар давлатҳои тараққикарда ва қисман дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъсис шуда, ҳоло ба марказҳои бузурги илмию технологӣ табдил ёфтаанд. Дар ин самт Парки технологӣ-инноватсионии Ҷумҳурии Беларусро метавон мисол овард. Ин парк ҳанӯз соли 2005 таъсис дода шуда, беш аз 1000 ширкатро дар худ муттаҳид сохта, ба истеҳсоли барномаҳои компютерӣ ва дигар барномаҳои илмталаб машғул аст. Беш аз 90 фоизи барномаҳои таҳиянамудаи марказ ба содирот равона шудааст.

— Тибқи таҳлилҳо, ҳоло дар мамлакат иқтидори хуби рушди соҳибкории инноватсионӣ вуҷуд дорад. Дар ин самт ширкатҳое ҳастанд, ки бо суръати баланд рушд намуда, ҳаҷми сармоягузориашон дар як сол ба 20 фоиз мерасад, вале шумораи онҳо бо назардошти имконияти мавҷуда ва раванди саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашудаи ба содирот нигаронида қонеъкунанда нест.

— Ҳарчанд ки дар ҷумҳурӣ давра ба давра шумораи коргоҳу корхонаҳои дорои аҳамияти истеҳсоливу хизматрасонӣ мунтазам тамоюл ба зиёдшавӣ дошта бошад ҳам, вале маълумоти омории инъикоскунандаи на танҳо ҳаҷми маҳсулоти тавассути инноватсия истеҳсолшуда, балки шумораи корхонаву соҳибкорони дар ин самт фаъолияткунанда ба таври алоҳида чандон дастрас нест. Яъне, ҳиссаи коргоҳу корхонаҳои инноватсионии дар шумораи умумии корхонаҳо, бахусус дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда, инчунин ҳиссаи маҳсулоти инноватсионӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо. Ҳол он ки дар мамлакат чунин марказу корхонаҳо фаъолият доранд. Дар ин самт танҳо 6 корхонаи Парки инноватсионию технологии ноҳияи Дарвозро, ки  ба истеҳсоли беш аз 26 номгӯй маҳсулоти ватанӣ машғул будаву 70 сокини ноҳия ба кор ҷалб гардидаанд, низ метавон мисол овард. Дар чунин сурат, яъне дарёфти маълумоти оморӣ, таҳлилу арзёбӣ ва воқеъбинона муайян намудани ҳолати воқеии соҳа ғайриимкон мебошад.

—  Суръати нисбатан пасти ташаккули низоми муосири тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ дар ҳамбастагии шарикии давлат бо бахши хусусӣ, бахусус дар заминаи инкишофи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ.

—  Норасоии ҳассос ба захираҳои қарзӣ–молиявии имтиёзнок барои ташкилу ба роҳ мондани фаъолияти инноватсионӣ, аз ҷумла бо сабабҳои арзиши баланди ба вуҷуд овардани навоварӣ, талабот ба маҳсулоти дорои технологияи баланд ва ташкили тиҷорати хурди инноватсионӣ.

— Сармоягузории нокифоя ба рушди Корҳои илмӣ-тадқиқотии  конструкторӣ (рус.НИОКР). Ба андешаи мо, баъзе аз сабабҳои асосии чунин вазъ ба таъсири омилҳои зерин вобаста мебошад, аз ҷумла ҳавасманд набудани соҳибкорон ва сармоягузорон ба татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ–техникии аз ҷониби олимони ватанӣ таҳиягардида дар фаъолияти худ, инчунин норасоии сатҳи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ин самт. Масалан, тибқи маълумот, ҳоло ҳаҷми маблағгузории солона ба рушди илм дар мамлакат ҳамагӣ 0,1 дарсади ММД–ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар Туркманистон мутаносибан 3–3,5, Узбекистон- 2,0, Федератсия Русия- 1,1, Қазоқистон- 0,13 ва Қирғизистон 0,6–,0,9 дарсадро дар бар мегирад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ ба ҷуз аз маблағгузории давлатӣ сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, аз ҷумла бахши хусусӣ, соҳибкорон ва сармоягузон мавҷуд нест. Илова бар ин, қариб дар ҳамаи корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ хиссаи хароҷоти таҷҳизот хеле паст ба назар мерасад, ки ин барои мустаҳкам ва устувор  намудани пойгоҳи моддию техникӣ кифоя нест.

— Тибқи таҳлилҳо, алҳол тадбирҳои аввалиндараҷаи сиёсати пешгирифтаи кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта аслан ба дастгирии рушди инноватсия, бахусус тавассути кумакпулиҳо равона шудаанд. Масалан, дар ИМА ҳаҷми кумакпулиҳои  ба дастгирӣ ва рушду инкишофи фаъолияти инноватсионӣ равонагардида солона ба ҳисоби миёна 2,8-3 дарсади ММД мамлакатро ташкил медиҳад. Дар ин кишвар ҳиссаи хароҷоти буҷети давлатӣ дар ин масир ба 36,2 дарсади ММД баробар аст. Аммо ин вазъ на танҳо дар давлати мо, балки дар дигар кишварҳои ҳамсоя низ чандон назаррас нест.

— Сатҳи пасти ҳавасмандӣ ба ташкили корхонаҳои хурди инноватсионӣ, мавҷуд набудани фармоишгар бахусус аз ҷониби бахши хусусӣ, соҳибкорон ва сармоягузорон ба натиҷаҳои иҷрои корҳои илмӣ–таҳқиқотии воқеан амалишавандаи дорои хусусияти инноватсионӣ, аз ҷумла илмҳои дақиқ ва техникӣ дар истеҳсолот, инчунин тиҷоратикунонии сусти коркардҳои илмию техникӣ.

—  Татбиқи нокифояи  истифодаи меъёрҳои прогрессивии андозбандӣ ба рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионии хурд. Ҳоло чунин механизмҳои андозбандӣ дар давлатҳои аз лиҳози саноатӣ пешрафта аз ҷумлаи муҳимтарин имтиёзҳои андозбандӣ ба рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионии хурд ба ҳисоб меравад. Ҷорӣ намудани меъёри прогрессивии андозбандӣ ба ширкатҳои хурди инноватсионии навтаъсис имкон медиҳад,  ки меъёрҳои ҳадди ақали пардохти андоз аз даромадро истифода баранд. Яъне, ин маънои онро дорад, ки баробари зиёд шудани ҳаҷми даромади агенти иқтисодӣ, меъёри андозбандӣ паст мешавад ва агар ҳаҷми даромад баръакс кам шавад, меъёри андозбандӣ меафзояд.

Дар фарҷом бо назардошти рақамҳои баёнгардида хулоса намудан мумкин аст, ки ҳоло сатҳи натиҷаи иҷрои корҳои илмӣ–таҳқиқотии дорои хусусияти инноватсионӣ ва татбиқи васеи натиҷаҳои илмӣ, аз ҷумла илмҳои дақиқ ва техникӣ дар истеҳсолот, инчунин масъалаҳои тиҷоратикунонии он ва дар маҷмуъ фаъолияти инноватсионӣ, бахусус дар бахшҳои истеҳсолӣ бо ин сабабу омилҳо ҳанӯз ҳам дар марҳалаи рушд қарор дошта, мисли пештара чун масъалаи ҳалношуда боқӣ мемонад.

Ба андешаи мо, чунин омилҳои манфӣ ва бисёр сабабҳои дигар имкон намедиҳанд, ки тиҷорати хурди инноватсионӣ ва корҳои илмӣ–таҳқиқотию конструкторӣ дар ҷумҳурӣ ба таври муассир рушд намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 3, 2023 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд
Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад