«ПАЁМИ ПЕШВО-ДАСТУРИ РАҲНАМО ВА ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ». Доир ба он дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Декабрь 30, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 30.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Паёми Пешво-дастури раҳнамо ва ҳуҷҷати тақдирсоз» ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»  баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Дар кори ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дилшод Раҳмон, муовинони ректор, садорати факултетҳо ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян гардидааст. Паёми Пешвои миллат аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдомоти навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро дар он оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шудаанд.

Дар ҳамоиши илмӣ-назариявӣ  маърузаҳои олимон шунида шуданд.

Баён гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари ҳуҷҷати муҳимму барномаи мукаммали  сиёсати давлатӣ будан ҳамчунин рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавалтии тоҷикон ба ҳисоб рафта, вазифаҳо ва ҳадафҳои дар он пешбинигардида ба ояндаи дурахшони мамлакат ва зиндагии шоистаи мардум равона гардидаанд.

Таъкид гардид, ки дар ин ҳуҷҷати муҳим ҳамаи соҳаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, алоқаманд ба ин вазифаҳои сатҳи гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ барои амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат барои оянда муайян шуд. Дар ин радиф Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи мардумро ба роҳҳои дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоӣ боз ҳам беҳтар муаррифӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, зимнан таъкид бар он доштанд, ки ба тарбияи ахлоқию маънавии насли наврасу ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва  ҳамзамон ҷалби онҳо ба азхуднамоии илмҳои дақиқу риёзӣ ва касби донишҳои наву замонавӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Декабрь 30, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд