Пешрафт ва мушкилот ҷиҳати ноил шудан ба Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда дар Осиё дар павилиони Тоҷикистон дар COP28 баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Пешрафт ва мушкилот ҷиҳати ноил шудан ба Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда дар Осиё» — таҳти чунин унвон дар Павилиони Тоҷикистон дар COP28 дар шаҳри Дубай чорабинии канорӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Чорабинӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо NDC Partnership ташкил шуд, ба талошҳо ва мушкилоте, ки дар давлатҳои Осиё дар татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ба миён меоянд, нигаронида шуд.
Баромадкунандагон аз Тоҷикистон, Бутан, Непал ва Шри-Ланка дар бораи пешрафти давлатҳояшон дар татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда маълумоти муфассал доданд. Ҳамчунин дурнамои шарҳи амалҳое, ки барои мубориза бо тағйирёбии иқлим дар қисматҳои гуногуни Осиё андешида мешаванд, пешниҳод гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва дигар донорҳо иштирок доштанд. Дастгирӣ ва таҷрибаи онҳо аҳамияти ҳамкории байналмилалиро дар ҳалли мушкилоти иқлим ва кумак ба давлатҳои Осиё дар татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда инъикос менамояд.
Иштирокдорон дар бораи пешрафтҳое, ки дар кишварҳояшон дар Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ба даст омадаанд, сухан намуда, равишҳои навоварона ва таҷрибаи пешқадамро намоиш доданд. Онҳо инчунин захираҳои маҳдуди молиявӣ, камбудиҳои технологӣ ва маҳдудияти иқтидорро ошкоро муҳокима намуданд. Мубодилаи дониш ва таҷриба байни иштирокдорон ба муайян намудани роҳҳои ҳалли эҳтимолӣ ва самтҳои ҳамкорӣ мусоидат намуд.
Тоҷикистон бо ташкили ин чорабинӣ пешсафӣ ва устувории худро дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва суръат бахшидан ба татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда нишон дод.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд






