Президенти Тоҷикистон: «Обанборҳои Тоҷикистон барои таъмини мунтазами давлатҳои минтақа бо оби корезӣ хизмат менамоянд»

Декабрь 4, 2023 13:31

ДУШАНБЕ, 04.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаҳои муҳими сатҳи баланд оид ба мавзуъҳои глобалии об, ҳифзи пиряхҳо, паҳлуҳои иқтисодӣ-иҷтимоии равандҳои тағйирёбии иқлим суханронӣ намуда, мавқеъ, муносибат ва табдирҳои мақсадноки Тоҷикистонро дар ҳалли ин мушкилоти замони муосир муаррифӣ намуданд.

Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ Сарвари давлат оид ба оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим дар мисоли Тоҷикистон изҳор намуданд, ки «Тоҷикистон аз ҷиҳати таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ниҳоят осебпазир мебошад. Мисоли ин раванд босуръат об шудани пиряхҳои мо мебошад. Бинобар тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ҳамасола селу обхезиҳо ва дигар офатҳои табиии марбут ба об рух медиҳанд. Бар асари онҳо ба иқтисоди мамлакат хисороти зиёд ворид мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд».

Бинобар ҳамин Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ аз ин ҳолатҳои ногувор тадбирҳои амалӣ меандешад. Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки «бо мақсади рушди тавлиди энергияи «сабз» ва кам намудани партовҳои карбонӣ мо тасмим гирифтаем, ки иқтидори неругоҳҳои барқи обии худро то соли 2050 ду баробар зиёд намоем. Дар айни ҳол мо 98 фоизи барқи худро дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол менамоем. Мутаносибан ҳаҷми обанборҳои мамлакат низ то соли 2050 ду баробар зиёд мешавад. Қариб 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад. Аз ин нигоҳ обанборҳои мо барои таъмини мунтазами давлатҳои минтақа бо оби корезӣ низ хизмат менамоянд».

Сарвари давлат дар ин ҷаласа ҳамчунин оид ба мизбонии Тоҷикистон ва Нидерланд дар Конфронси таърихии оби Созмони Милали Муттаҳид иттилоъ дода, гуфтанд, ки дар он ҳамоиш  Рӯзномаи амал бо 800 амалу уҳдадориҳои соҳаи об қабул шуд.

Оид ба фаъолияти босамар дар соҳаи об муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд: «Мусаллам аст, ки хатару таҳдидҳои обу иқлим талошу амалҳои ҷиддитарро талаб менамоянд. Дар ин робита, мехоҳам се нуктаи муҳимро иброз намоям. Якум, дарки амиқи масъала ва пешбурди самараноки он, пеш аз ҳама, иродаи сиёсӣ ва таваҷҷуҳи муштараки сарони давлатҳову ҳукуматҳоро талаб менамояд. Дуюм, имрӯз мо шоҳиди уҳдадории дастҷамъонаи бонкҳои байналмилалии рушд ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим гаштем. Сеюм, мо бояд таҳия ва татбиқи механизмҳои муштараки расонидани кумакҳоро ба давлатҳои осебпазир таъмин намоем. Зеро онҳо барои расидан ба ҳадафҳои марбут ба об имконияти маҳдуд доранд».

 АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 4, 2023 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид