Раиси вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Дӯстӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дӯстӣ сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бомаром идома дошта, тибқи нақша, иншооти мазкур 9 сентябри соли 2024 ба истифода дода мешавад. Имрӯз зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонии мактаби мазкур аз наздик шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истнод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар деҳаи Ғалабаи Ҷамоати деҳоти Ҷиликўли ноҳияи Дўстӣ воқеъ буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Туркманистон бо усули муосири меъмориву шаҳрсозӣ бунёд мегардад.
Муассисаи таълимӣ аз 20 синфхона барои 540 хонанда дар як баст, кабинетҳои фаннӣ, китобхона ва толори хониш, ошхона барои 220 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 200 ҷойи нишаст ва толор барои гузаронидани маҳфилҳои фарҳангӣ иборат мебошад.
Фармоишгари сохтмон Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчии асосии сохтмон Ҷамъияти хоҷагидории «Довлет Гурлушик»-и Туркманистон мебошад.
Корҳои сохтмонӣ моҳи июни соли 2023 оғоз шуда, тибқи нақша, бояд 9 сентябри соли 2024 ба истифода дода шавад.
Зимни шиносоӣ Раиси вилоят таъкид намуд, ки корҳои ободонӣ дар ин иншооти ҷашнӣ босифат ба анҷом расонида, мактаб дар муҳлати муқарраргардида ба истифода дода шавад.
Инчунин имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ Раиси вилояти Хатлон бо фаъолияти хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов шинос шуда, бо кишоварзони хоҷагӣ суҳбат намуд. Ҳамчунин Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд.
Майдони умумии хоҷагӣ 620 гектарро ташкил дода, аз он дар 60 гектар сабзавот, аз ҷумла карам, гулкарам, лаблабу, инчунин дар 3 гектар гармхонаи помидор ва бодиринг парвариш карда мешавад. Хоҷагидорон дар майдони 350 гектар пахта, 75 гектар гандум, 60 гектар полезӣ ва 80 гектар беда низ кишт намудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






