Сарбоз Ҳасани Назар: «Шароити муҳайëгардида дар қисмҳои низомӣ имкон дод, ки дониши худро сайқал дода, сазовори 70000 сомонӣ шавам»

Декабрь 2, 2023 10:19

ДУШАНБЕ, 02.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ  додем, 1 декабр дар шаҳри Душанбе ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» муайян гардиданд. Яке аз гирандагони  «Шоҳҷоиза» сарбози Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Ҳасани Назар мебошад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин сарбози ватандӯсту маърифатпарвар ҳамсуҳбат гардид.

Ӯ сараввал миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда барои хизмати сарбозону ҷавонон баëн намуда, иброз дошт, ки «бо файзи Истиқлолияти давлатӣ ва заҳматҳои ҳамешагии Пешвои миллат имрӯзҳо дар тамоми қисмҳои низомӣ барои обутоби бадан ва сайқал додани дониш шароит муҳайë шудааст. Ҳамин аст, ки дар баробари хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳамзамон дониши худро сайқал дода, сазовори «Шоҳҷоиза» ва 70000 сомонӣ гардидам».

Ҳасани Назар изҳор медорад, ки дар қисми низомӣ китобхона фаъолият менамояд, ки сарбозон дар вақтҳои муайяншуда дар он ҷо ба мутолиаи китобҳои гуногун машғул мешаванд. Ҳамзамон маҳфили «Китобхонҳо» ташкил шудааст, ки хеле шавқовар мегузарад.

Новобаста аз он ки ӯ сарбоз аст ва масъулияти ҳифзи Ватанро бар дӯш дорад,  мегӯяд, ки агар шахс завқу шавқи китобхонӣ дошта бошад, дар дилхоҳ кору масъулият фурсати китобхонӣ ёфта метавонад.

Ба гуфтаи ӯ, мутолиаи ин асар дар замони муосир  хеле муҳиму муфид аст. Аз ин рӯ хондан ва дарки маънову мафҳуми ин шоҳасар вазифаи хурду бузурги миллати тоҷик, бахусус насли наврасу ҷавон мебошад.

«Тоҷикистон Ватани азизи ман аст, аз ин рӯ ҳамчун сарбози ватан на танҳо барои ҳимояи он камар мебандам, балки барои пос доштани арзишҳои он саъю талош намуда, ҳамчун фарзанди дилбандаш пайваста ба мутолиаи таърихи ниëгон шуғл варзида, барои пешрафти он хизмат менамоям»,- гуфт Ҳасани Назар.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Озмун ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд.

Зарангези ЛАТИФ
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» 

 

Декабрь 2, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон маротибаи аввал озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
ХУТАЛИ ҚАДИМ — ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор нусха китобҳои камистифодашаванда ва нодир нигоҳдорӣ мешаванд
РАҚАМИКУНОНИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар таҳрири нав таҳия мегардад
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Бахшида ба фаъолияти эҷодии Дона Баҳром ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид