Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои иттилоотии миллӣ»-и Қазоқистон ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид

Декабрь 25, 2023 15:12

ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур бо ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини раиси Шурои Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои иттилоотии миллӣ» Дмитрий Мун  мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Сардори хадамот изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои иттилоотии миллӣ»-и Қазоқистон  дар бахши татбиқи «ҳукумати электронӣ» байни ду давлат ҳамкории нав оғоз менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба, амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бо мақсади рушди «ҳукумати электронӣ» мубодилаи афкор намуданд.

Дар охир байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои иттилоотии миллӣ» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар Ёддошти ҳамкорӣ  самт ва доираи ҳамкории мушаххас баён гардида, имкон медиҳад, ки инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионии «ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёбад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои иттилоотии миллӣ» оператори инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионии «ҳукумати электронӣ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

Ширкат соли 2000 таъсис ёфта, бузургтарин ширкати бозори технологияҳои иттилоотии Қазоқистон ба ҳисоб меравад. Он дар самти татбиқи «ҳукумати электронӣ» таҷрибаи бой дорад.

Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои иттилоотии миллӣ» метавонад ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба таври самарабахш амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» такони тоза бахшад.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 25, 2023 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид