Устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳу илҳоми тоза гирифтанд

Декабрь 28, 2023 17:05

ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуда, аз он руҳу илҳоми тоза гирифтанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» имрӯз  аз тариқи шабакаҳои телевизион ва радиоҳои Тоҷикистон мустақиман пахш гардид. Паём фарогири тамоми соҳаҳои фаъолият буда, пурмуҳтаво ва ҷолибу назаррас ироа гардид.

Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ Музаффар Ҳалимов иброз дошт, ки нақши маориф дар Паёми Сарвари давлат хеле возеҳу равшан инъикос ёфтааст. Тавре  гуфта шуд, бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ ба рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Дар ин самт пешорӯи аҳли маориф якчанд вазифаҳо меистанд. Аз ҷумла, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода намудани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардад. Бо чунин дастур пешниҳод гардидани вазифаҳо масъулияти аҳли маорифро афзуда, онҳоро ба дарёфти дастовардҳои нав ба нав ҳидоят менамояд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳама самту соҳаҳо мебошад. Фаъолияту дастовардҳои чанд соли охири соҳибистиқлолӣ дар он хеле ҷолиб таҳлилу баррасӣ гардида, вазифаҳо барои оянда возеҳу мушаххас нишон дода шудаанд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Декабрь 28, 2023 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид