Ёсуман Назарова дар Фестивали байналхалқии сирки кӯдакону наврасон соҳиби ҷойи дуюм гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8-10 декабр дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия Фестивали байналхалқии сирки кӯдакону наврасон- «Ба забони ҷаҳонӣ («На языке мира») баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон Ёсуман Назарова мақоми дуюмро соҳиб шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин фестивали байналхалқӣ намояндагони 17 кишвари олам иштирок намуда, санъати худро ба намоиш гузоштанд. Фестивал таҳти унвони «Ба забони ҷаҳонӣ» баргузор гардида, байни кормандони навраси студияҳои сиркӣ, мактабҳо, омӯзишгоҳҳо ва дигар таълимгоҳҳое, ки дар он санъати олитарини бозиҳои сиркиро меомӯзанд, аз рӯи 8 номинатсия доир гашт.
Намояндаи Тоҷикистон дар ин фестивал Ёсуман Назарова бо санъати волову нотакрораш зимни намоиш додани гимнастика дар рӯйи канаб мақоми 2-юмро соҳиб гардид ва бо ҷоизаи нуқрагини фестивал ба Ватан баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ёсуманро ҳайати кормандону ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон, дӯстону наздикон ва ҳамсабақон пешвоз гирифтанд.
АКС аз манбаъҳои боз








«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид






