Қазоқистон ба Тоҷикистон таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас намуд

Январь 17, 2024 16:12

ДУШАНБЕ, 17.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими тақдими се таҷҳизоти муосири тиббии BARK VibroLUNG доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷиҳати истифодаи дурусти таҷҳизоти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Қазоқистон расида 40 мутахассиси соҳа, аз ҷумла пулмонологҳои мамлакат ба машғулияти омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.

Зимни машварати омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони Қазоқистон ба табибони мамлакат тарзу усули истифодаи таҷҳизоти BARK VibroLUNG омӯзонида шуд.

Дастгоҳи виброакустикии BARK VibroLUNG барои табобати бемориҳои шуш ва мушкилоти шуш дар муассисаҳои табобатӣ пешбинӣ шудааст. Раванди кори дастгоҳ ба таъсири сигнали пурқуввати виброакустикӣ асос ёфта, он метавонад ба муддати 10 сол хизмат расонад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 17, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд