БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН. Вобаста ба он дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Январь 26, 2024 15:36

ДУШАНБЕ, 26.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи бандҳои «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзуи «Бемории диабети қанд ва роҳҳои пешгирии он» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллӣ хабар медиҳад.

Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо тамошои намоишгоҳи дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ оғоз шуд.

Таъкид шуд, ки тибқи таҳлилҳои оморӣ, дар мамлакат шумораи беморони дорои диабети қанд рӯ ба афзоиш буда, баррасӣ ва пешгирӣ аз он мавзуи рӯз мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солимии ҷомеаро зери сиёсати махсус қарор дода, гуфтаанд, ки «саломатии аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳимтарини рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад».

Таъкид шуд, ки сабабҳои пайдоиши бемории диабети қанд ирсият, фарбеҳии зиёд, тарсу ҳаяҷон, камҳаракатӣ, атеросклерози рагҳо, бемории фишорбаландии хун, бемории ҷигар ва гурдаҳо мебошад.

Пешгирии таъсири бад гузоштани бемории диабети қанд- ин парҳез намудан аз истеъмоли ғизоҳои бирёну серравған, шӯру тунд мебошад. Ҳамзамон ҳар шахс бояд вазни худро дар меъёри муътадил нигоҳ дошта, ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шавад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Январь 26, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд